Тавозуни савдо манфӣ ҷамъбаст гардид

Апрель 15, 2015 10:53

 
Душанбе, 15.04.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Тавре ки аз маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ-марти соли равон 966 млн. долл. ИМА-ро ташкил намуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 11,8 фоиз кам аст. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ бо кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил 13,7 фоиз ва бо кишварҳои хориҷаи дур 9,8 фоиз коҳиш ёфт. Коҳиши мазкур бо назардошти номуътадилии сиёсию иқтисодӣ дар ҷаҳон, коҳиш ёфтани ҳаҷми интиқоли пулӣ ва ба ин васила паст гардидани сатҳи талабот дар бозор алоқамандӣ дошт. 
    Тавре ки аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, сарфи назар аз ин ҳама мушкилоти мавҷуда ҳаҷми содироти молҳо дар давраи баррасишаванда 214,5 млн. долл. ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 12,7 фоиз зиёд мебошад. Воридоти молҳо 751,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил карда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 16,9 фоиз коҳиш ёфт. Дар натиҷа, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ҷамъбаст гардида, ба 537,2 млн. доллари ИМА баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,2 фоиз кам мебошад. Ин раванд, пеш аз ҳама, дар натиҷаи коҳиши талабот ба маҳсулоти воридотӣ, аз ҷумла маводи сохтмон, маҳсулоти тайёри хӯрокворӣ, маҳсулоти маъданӣ, инчунин нисбатан зиёд гардидани ҳаҷми содирот ва коҳиш ёфтани қурби пули миллӣ ба миён омад. 
 

Апрель 15, 2015 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд