Тоҷикистон дар намоишгоҳи кишварҳои СҲШ иштирок мекунад

Апрель 27, 2015 11:56

Душанбе, 27.04.2015. (АМИТ «Ховар»,  Кристина  Эрлих).- 24  апрел  раиси Палатаи  савдо ва  саноати Тоҷикистон  Шариф  Саид  бо президенти Палатаи  савдои оид ба воридоту  содироти  маҳсулоти  техникаи  барқии  Пекин  Чжун  Сзюнвэй  мулоқот  анҷом дод.
Тавре  ки аз  ПСС  ҶТ  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд, мусоҳибон   масоили   ҳамкории  тиҷоратию  иқтисодӣ,  ҳамчунин  иштироки тоҷирони  Тоҷикистон  дар  кори Намоишгоҳи  байналмилалии  маҳсулоти   кишварҳои  СҲШ — ро, ки  аз  24  то  26  сентябр  дар  шаҳри  Сиани  музофоти  Шэнсии ҶМЧ  баргузор  мегардад,  мавриди  муҳокима  қарор  доданд.
«Дар  намоишгоҳ  маҳсулоти  хушсифат  ба  маърази  намоиш  гузошта мешавад ва  мо  умедворем, ки бозори  Чин  таваҷҷӯҳи  бештари  Тоҷикистонро   ба худ ҷалб  мекунад», —  зикр намуд  Чжун Сзюнвэй.
Мавсуф  ҳамчунин  изҳор  дошт, ки ҷониби  Чин  барои  ҳар  иштироккунандаи  намоишгоҳ  20 гӯшаи  маҷҷониро ихтисос  медиҳад.

Апрель 27, 2015 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд