Ҷаласаи кории А. Иброҳим бо роҳбарони иқтисодии Суғд

Май 18, 2015 15:13

Душанбе, 18.05.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои паёмҳои Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар  солҳои 2014 ва 2015 ҷиҳати дидани чораҳои зарурии таъсис ва рушди корхонаҳои саноатӣ дар деҳот ва ноҳияҳои дурдаст,  ба роҳ мондани коркарди ҳарчи бештари ашёи хоми ватанӣ ва ба ин тартиб баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар  дар мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  вилояти Суғд ҷаласаи кории муовини Сарвазир Азим Иброҳим бо роҳбарон ва масъулони  соҳаи воқеии иқтисоди шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид. 
Тибқи  иттилои  муовини  Сарвазир дар давоми солҳои 2012-2014 дар вилоят 553 корхона ва коргоҳ  бо фарогирии  6468 ҷойи корӣ   ба  фаъолият  оғоз  намуд. Илова бар ин дар соли 2014 нисбат ба соли 2013  шумораи  корхонаву  коргоҳҳои  нав  рў ба афзоиш ниҳодааст. Мутаассифона,  аз 164 корхонаву коргоҳи навтаъсиси  соли  2014, ки   маҳсулоти  истеҳсолкардаи  онҳо  дар семоҳаи аввали  ҷорӣ 14 млн 753 ҳазор  сомониро  ташкил медиҳад, танҳо 66 адади он ба ҳисоботи оморӣ  ворид  шуда,  ҳисоботи дурусти оморӣ таъмин нагардидааст. Аз ҷумла, дар шаҳри Истаравшан аз 15 корхонаи навтаъсис  танҳо  3  адад,  дар  ноҳияи  Конибодом аз 16  адад 5-то, дар Мастчоҳ аз 14 адад  3-то ва дар  шаҳри Хуҷанд аз 46 адад 17-то дар ҳисоботи оморӣ ба қайд гирифта нашуд. Вобаста ба ин сохторҳои дахлдори вилоят вазифадор шуданд, ки корҳои ба рўйхати оморӣ ворид намудани  корхонаҳои навтаъсисро сари вақт таъмин намоянд. 
Тавре ки дар ҷаласа таъкид шуд,  соли 2014 аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои дастгирии соҳибкории хурду миёна  тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ 63 млн. сомонӣ ҷудо гардид ва ин нишондиҳанда дар соли 2015 дар ҳаҷми 70 млн. сомонӣ  пешбинӣ шуда,  дар 7 соли оянда ба 1  миллиард  сомонӣ  расонида  мешавад.  
Роҳбарон ва мутасаддиёни бахши иқтисодиёти воқеии вилоят вазифадор  шуданд, ки ҷиҳати   пешбинии маблағҳои  имтиёзнок  барои рушди соҳибкории хурду миёна, устувор гардонидани эътимоднокии ҳамкории бахши давлативу хусусӣ, таъсиси корхонаҳои  нави  коркарди  меваю  сабзавот, афзун  гардонидани  номгўи   маҳсулотҳои  коркард  вобаста  ба талаботи бозор,  таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар деҳот ва минтақаҳо, таъмини сифату  афзун намудани ҳаҷми содироти маҳсулот  ва иқтидори корхонаҳои  коркарди меваю  сабзавот дар минтақаҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.
 

Май 18, 2015 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд