1500 сомонии Президент ба иштирокчиёни набард
Душанбе, 7.05.2015. (АМИТ “Ховар”, Манижа Баҳромзода).- Имсол аз ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ 70 сол сипарӣ мешавад. Маҳз ба ҳамин муносибат мақомот ва идораҳои кишвар нафарони дар ин набард ҷоннисорӣ намударо бо кумакҳои пуливу молӣ қадрдонӣ намуданд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба 16 нафар иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба маблағи 1500 сомонӣ ба ҳар нафар ва бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба ҳамин 16 нафар ба таври алоҳида ба маблағи 1000 сомонӣ туҳфаи молӣ ва ба 38 нафар заҳматкашу медалдор ба маблағи 70 сомонӣ ба ҳар нафар туҳфаи молӣ тақдим гардид. Ҳамчунин аз номи раиси шаҳри Душанбе ба 98 нафар иштирокчии майдони набард, ки дар пойтахт зиндагӣ мекунанд, яктогӣ китоби ҷашнӣ туҳфа гардид.
Тавре ки Сафаралӣ Нурмаҳмадов-раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Фирдавсӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, бо қарори раиси ноҳияи Фирдавсӣ ширкатҳои «Лото-спорт» ва «Samsung» ба 51 нафар иштирокчии ҶБВ маводи хӯрокӣ ва роҳбарияти боғи «Дӯстии халқҳо»-и ноҳия ба 10 нафар иштирокии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ маводи хӯрокӣ кумак карданд. «Инчунин дар асоси муроҷиати мақомоти иҷроияи ноҳияи Фирдавсӣ аз раёсати гумруки шаҳри Душанбе ба 6 нафар оилаҳои бесарбони иштирокчиёни набард ва оилаҳои ҳамин нафарон, ки нафақаашон ба охир расидааст ба таври алоҳида ба маблағи 300 сомонӣ кумаки молиявӣ расонида шуд»,-афзуд Сафаралӣ Нурмаҳмадов. Номбурда афзуд, ҳамчунин аз ҳисоби соҳибкорони ноҳия ба оилаҳои бесарубонмондаи иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ кумакҳои молиявӣ ироа гардиданд.
Ба иттилои манбаъ аз соли 2006 инҷониб бо қарори раиси шаҳри Душанбе иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба ҳар як корхонаву ширкат вобаста шудаанд, ки ҳар моҳ бо кумаки молиявӣ таъмин мешаванд.








Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид






