Бархурдорӣ аз фарҳанги волои оиладорӣ
Душанбе, 18.05.2015. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров).- 15-уми майи соли ҷорӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ҷамъомад баргузор гардид,. Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода дар мавриди ин рӯз сухан гуфт.
Зикр шуд, ки оила асоси зиндагӣ ба шумор рафта, мактаби бузургест барои ташаккули маърифату инсони воқеӣ будани кас. Дар муносибати оиладорӣ ва идораи оила ҳамон нафар муваффақ мегардад, ки аз мактаби бузурги маърифати оиладории волидайни худ сабақи дуруст андўхта бошад.
Мусаллам аст, ки ниёгони пурифтихори мо аз фарҳанги волои оиладорӣ хеле хуб бархурдор буданд. Агар аз даричаи асри имрўз ба гузашта назар афканем, баръало мушоҳида мегардад, ки шахсиятҳои оламшумули адабиётамон роҳҳои ибратомўзи оиладориро пешорўи мо гузоштаанд, ки истифода аз ин махзани ройгони маърифат барои баланд гардидани маърифати оиладории ҳар як фард таъсири мусбат хоҳад расонд.
Масалан, вақте кас «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Оила»-и Абдурауфи Фитрат ва «Таҳсибуссибён»-и Устод Айнӣ барин шахсиятҳои адабиро мутолиа мекунад, бешубҳа дар зиндагии оилавӣ саодатманд хоҳад буд.
Таассуфовар ин аст, ки имрўзҳо майл кардани ҷавонону наврасон ба фарҳанги бегона ҳар нафари бонангу орро бетараф гузошта наметавонад.
Ҳанўз ҳам кўдакони беназоратро мебинем, ки дар бозору кўчаҳо беҳудагардӣ карда, аз бемасъулиятии волидон ҳатто даст ба ҷиноятҳои вазнин мезананд. Волидони ин қабил кўдакон боре намеандешанд, ки беэътиноии онҳо маънои фарзандонашонро бо дасти худ ба ҷинояткорӣ тела доданро дорад. Оқибат фарзандон аз волидони хеш домангир мешаванд. Ин ҳама аз он дарак медиҳад, ки дар баъзе оилаҳо тарбияти кўдакон ҷавобгўи фарҳанги оиладорӣ нест.
Таҷрибаи чандинасраи оиладорӣ дар фарҳанги тоҷикон нишон медиҳад, ки нақши волидон, махсусан модарон дар тарбияи фарзанд беназир аст. Яъне, он тарбия ва меҳру муҳаббатеро, ки модар ба фарзанди худ медиҳад, онро ягон мураббию омўзгор дода наметавонад.
Масъалаҳои марбут ба оиладорӣ нозукиҳои худро доранд, ки аз кас масъулиятшиносиву сабру тоқат ва маърифату дониши волоро талаб мекунанд. Ин аст, ки Президенти мамлакат дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ баён дошт: “Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи мушкилоте мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунанд”.








Дар Суди конститутсионӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ноиби президент ва академики Академияи илмҳои Осиё интихоб гардид
Алоқа барои сохтмон: чӣ тавр имконоти мобилӣ дар бунёди иншоот дар саросари Тоҷикистон кумак менамояд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ПАРЧАМИ МО ХУД САРИ БОЛОИ МОСТ! Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Рӯзи Парчами давлатӣ бошукуҳ таҷлил гардид
«ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!». Таҳти ин унвон дар Лахш ҳамоиши идона доир шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Парчами Тоҷикистонро ботантана ҷашн гирифтанд
Дар Москва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Биогаз дар минтақаҳои деҳот: роҳи ҳал ё таҷрибаи муваққатӣ барои Тоҷикистон?
ZET-MOBILE натиҷаҳои давравии иқдоми «Миллионро гир» -ро барои моҳи октябр эълон намуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад






