Бархурдории мактабҳои Исфара аз кумаки сафорати Ҷопон

Май 18, 2015 14:10

Хуҷанд, 18.05.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаши Камада дирӯз дар доираи боздиди худ аз вилояти Суғд ва мулоқот бо раиси вилоят, ҳамзамон аз ноҳияи Исфара  низ дидан намуд. 
Тавре ки масъулин аз раёсати маъорифи вилояти Суғд иттилоъ доданд, зимни сафари худ ба ноҳияи Исфара сафири Ҷопон дар доираи татбиқи лоиҳаҳо оид ба дастгирӣ ва дастраснамоии таҷҳизоти зарури ба муассисаҳои соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз мактаби №5 шаҳри Исфара дидан намуда, ба муассисаи таълимии мазкур таҷҳизоти хониш тақдим намуд.  
Сафири Ҷопон Такаши Камада зимни вохӯрӣ бо ҳайати омӯзгорону толибилмони мактаб баён дошт, ки сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон минбаъд низ ба таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои бахшҳои маориф ва тандурустии Тоҷикистон кумаку мусоидат хоҳад намуд.    Алъон дар ин робита дар чаҳорчӯбаи амалисозии лоиҳаи навбатӣ 7 мактаби шаҳри Исфара ба маблағи умумии 88 ҳазор доллари амрикоӣ бо мебел ва тахтаҳои синфӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. 
Раиси шаҳри Исфара Даврон Зоҳидзода барои дастгирӣ ва кумак ба сафири Ҷопон изҳори минатдорӣ намуда, зикр кард, ки дар тӯли 14 соли охир бо мусоидати сафорати Ҷопон заминаи моддиву техникии наздик ба 15 муассисаи таълимии шаҳри Исфараву ҷамоатҳои ноҳия беҳтар гардид.  
 

Май 18, 2015 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид