«Барселона» ба даври ниҳоии Лигаи чемпионҳо роҳ ёфт
Душанбе, 14-05.2015. (АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон)- Вохӯрии ҷавобӣ миёни дастаҳои футболи «Бавария»-и Олмон ва «Барселона»-и Испания дар даври нимниҳоии мусобиқаи Лигаи чемпионҳо дар сатҳи баланд баргузор шуд. Барои соҳибони майдон вохӯрӣ бобарор оғоз гардид. Маҳз як тӯби задаи Меҳди Бенатиа умеди соҳибони майдонро барои муваффақ гардидан дар ин дидор бештар намуд. Ҳарчанд дастпарварони Хосеп Гвардиола имкони ситонидани интиқоми хешро аз ин тим доштанд, вале се ҳамлагари номвару моҳири дастаи «Барселона» дар зудтарин фурсат мизбононро дилсард кард.
Маҳз ҳамин се футболбоз ҳуҷуми хатарноки меҳмононро созмон доданд ва бо голи Неймар ба поён расид. Футболбози бразилӣ дар нимаи аввали сабқат имкон ёфт маротибаи дуюм низ дарвозаи мизбононро рахна намояд. То анҷоми қисми аввал соҳибони майдон чанд дафъа имкон доштанд, то ба бозӣ дигаргунӣ ворид созанд, вале Андре тер Штеген ҳар дафъа дарвозаашро аз гол эмин нигоҳ дошт.
Ёдовар мешавем, ки дар қисми дуюми рақобат, меҳмонон ба иштибоҳ роҳ доданд. Шогирдони Луис Энрике ба ҳарифон имкон доданд, ки ду дафъаи дигар дарвозаи Тер Штегенро рахна созанд. Роберт Левандовский ва Томас Мюллер ғалабаи дастаи Баварияро дар ин дидор таъмин намуданд, вале пас аз натиҷаи ду вохӯрӣ тими «Бавария» аз ширкат дар бозии ниҳоии Лигаи чемпионҳо маҳрум шуд.
Акнун дастаи «Барселона» дар шаҳри Берлин дар дидори ниҳоӣ вориди рақобат мешавад. Ҳадафи асосии дастаи «Барселона»- ин ғалаба дар даври ниҳоии Лигаи чемпионҳо хоҳад буд, мегӯяд Лионел Месси. «Хеле хушҳолем, ки ба даври ниҳоии ин мусобиқа роҳ ёфтем. Футболбозони мо дар вохӯрии дуюм низ ба мақсади худ расиданд ва акнун мо ба финал омодагӣ мегирем».








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






