Боздиди аъзои Парлумони СААД аз марзи Тоҷикистону Афғонистон

Май 25, 2015 15:08

      Душанбе, 15.05.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Фардо, 26 май дар Душанбе ҷаласаи сайёри ҳамоҳангсози раисони Ккмитаҳои мудофиа ва амнияти  парлумонҳои давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ /СААД/ дар назди Шӯрои Ассамблеи СААД баргузор мегардад.     
   Назар ба иттилои Рустам Қудратов- узви Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагон  дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба дурнамои  рушди ҳайати неруҳои низомии  СААД, ҷараёни иҷрои уҳдадориҳои Тоҷикистон дар давраи  роҳбарӣ дар СААД, авзои сиёсию низомии Осиёи Марказӣ, масъалаи таъмини амният дар сарҳадот, тамоюли авзо дар Афғонистон ва хатару таҳдидҳо барои кишварҳои СААД, мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир ва гардиши ғайриқонунии он, инчунин мубориза бар зидди коррупсия матраҳ хоҳанд гардид.
        Намояндагони парлумонҳои кишварҳои аъзои СААД зимни сафар ба Душанбе ҳамчун рамзи эҳтиром ба тамаддуни миллати тоҷик  дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ-нахустин асосгузори давлати тоҷикон гулчанбар гузошта, инчунин аз Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти кишвар, бригадаи десантию ҳамлавар, воқеъ дар ағбаи Фахробод ва марзи Тоҷикистону Афғонистон боздид менамоянд. 
 
 
 

Май 25, 2015 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид