Эълони барномаи грантҳо

Май 5, 2015 09:07

Душанбе, 05.05.2015. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қабули дархостҳоро ба грантҳо барои хатмкардагони барномаҳои Ҳукумати ИМА барои соли 2015 эълон менамояд. Дар озмун метавонанд хатмкардагони  барномаҳои табодул ва омӯзишӣ иштирок кунанд. Барои иштирок дар барномаи грантҳо барои хатмкардагони барномаҳои Ҳукумати ИМА # 19.900 барои соли 2015 лозим аст, ки хатмкардагон дар сайти https://alumni.state.gov сабти ном карда бошанд.
Мақсади ин барнома дастрас кардани грантҳо ба иштирокчиёни инфиродии барномаҳои Ҳукумати ИМА ва ё созмонҳое мебошад, ки дар ҳайати худ хатмкардаи барномаҳои Ҳукумати ИМА-ро доранд  ва мехоҳанд барои рушди демократия ва ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон мусоидат намоянд. Мақсади барнома ҳамчунон иборат аз таъмин ва таъсиси шабакаҳои ҳамкорӣ барои хатмкардагон, мусоидат ба инкишофи касбии онҳо ва ҳамкоронашон, кумак дар амалӣ сохтан ва паҳн кардани донишҳои андӯхтаашон мебошад. Маблағи грант барои созмонҳо дар ҳаҷми на бештар аз $5000 буда, барои фардҳои алоҳида на зиёда аз $3000-ро ташкил медиҳад.
Сафорати Амрико дар Душанбе пешниҳодҳоро дар мавзуъҳои зер қабул менамояд:
•         Мубориза алайҳи ифротгароии хушунатомез;
•         Омӯзонидани духтарон ва занон;
•         Дастгирии маъюбон.
Маблағҳо наметавонанд барои ҳадафҳои зерин истифода шаванд: 
Дастгирии барномаҳое, ки аз ҷониби ашхос ё ташкилоте пешниҳод мешаванд, ки мутаалиқ ба анҷумани хатмкунандагони барномаҳои давлатии ИМА набошанд;
Дастгирии барномаҳое, ки ҳадафи сиёсӣ, фаъолиятҳои хайриявӣ/ гуманитарӣ, ҷамъоварии маблағ, барномаҳои тиҷоратӣ ва барномаҳое, ки лоиҳаҳои равонро тақлид менамоянд;
Пардохт намудани роҳкирои сафар берун аз ҳудуди Тоҷикистон, аз ҷумла сафар ба/аз Иёлоти Муттаҳида;
Пардохт намудани пули роҳкиро барои нотиқон аз ИМА;
Пардохт намудани маош ва туҳфапулии хатмкунандагон дар доираи барнома;
Дастгирӣ намудани рушди ташкилот ё хариди таҷҳизот;
Маблағгузории барномаҳои инфрасохторӣ;
Лоиҳаҳое, ки тавасути тарҷумони компютерӣ тарҷума шудаанд, баҳогузорӣ намешаванд.
Тамоми фаъолияти дархостҳо бояд баъд аз 1-уми июли соли 2015 оғоз ёбад.
Дархостҳо бояд на дертар аз 31-уми маи соли 2015 пешниҳод шаванд. Ҳар лоиҳа бояд ҳадафи муайяну гурӯҳи мушаххаси баҳрабардорони лоиҳаро дошта бошад ва тавонад исбот кунад, ки довталаб метавонад ин ҳадафҳоро амалӣ созад. Лоиҳаҳо ва саволномаи  SF-424 бояд ба забони англисӣ ба суроғаи зерин пешниҳод шаванд:
Шуъбаи равобит бо ҷомеа, Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, ш.Душанбе, Хиёбони И.Сомонӣ 109 А. Суроғаи электронӣ: alumnitajikistan@state.gov
Қолаби лоиҳаро метавонед аз худи сафорати ИМА ва ё аз сайти интернетии http://goo.gl/vZ1Xv дастрас кунед. 
 
 

Май 5, 2015 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад