Хатарҳои мазҳабҳои ифротӣ барои Тоҷикистон

Май 5, 2015 11:54

Душанбе, 05.05.2015 (АМИТ «Ховар»,).- Имрўз авзои ҷомеаро баъзе равияҳои тундгаро ва ифротӣ,  ба монанди «Ҳизби таҳрир», «Ҳаракати Исломии Ҷумҳурии Ӯзбекистон», ё ба ҳар номи дигар ноором мекунанд. Имрўзҳо аз оинаи нилгун ва маҷаллаҳо зиёд мехонем ва мушоҳида мекунем, ки ба ин равандҳои ифротӣ ҷавонони мо шомил шуда, чӣ бадбахтиҳои гӯшношунидро барои худ ва барои миллати маҳбубамон ба вуҷуд овардаанд. 
Банда ба ҳайси як узви ҷомеа барои худ лозим донистам, ки роҷеъ ба ин равияҳои зишту номатлуб фикрамро баён намуда, ҷавонони хушбахти замони истиқлолиятро аз зарари ин падидаҳои номатлуб ҳушдор диҳам. 
Пеш аз он ки оид ба ин мавзуъ андешаронӣ кунам, барои Шумо хонандагони азиз, аҳамияти истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллиро, ки сарчашмаи хушбахтӣ ва ободу зебо шудани Ватани азизамон- Тоҷикистон аст, мисол меоварам ва пасон ҳадафи равияҳои тундгаро ва ифротиро бароятон баён месозам.
Баъди пош хӯрдани давлати хирадбунёди Сомониён ва пас аз ҳазор соли бедавлативу бесарварӣ Яздони пок бо талошу заҳматҳои фарзандони бонангу номуси миллати тоҷик боз рўзеро фаро расонид, ки дар сарзамини аҷдодиашон давлатеро бо номи Тоҷикистон бунёд намоянд ва ба оламиён аз истиқлолияти комили сиёсивию фарҳангияш мужда расонад. Аммо ҳасудон, бехирадони хориҷиву дохилӣ кӯшиданд, ки шўълаи истиқлолиятро хомўш кунанд ва ин миллати фарҳангиро боз садсолаҳову ҳазорсолаҳо дастнигари миллатҳои дигар гардонанд.
Барои расидан ба ин ҳадафи касифашон аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, миллати тоҷикро ба гирдоби ҷанги хонумонсузи шаҳрвандӣ кашониданд, ки дар нитиҷа зиёда аз 25 ҳазор оила бесаробон ва қариб 60 ҳазор нафар кӯдаки маъсум заҳри талхи ятимиро чашид. 
Ва инчунин ба тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, хосса ба махзанҳои илму маърифат хисороти ҷиддӣ ворид гардид. 
Дар он айём 126 муассисаи таълимӣ пурра хароб гардид ва наздики 120 ҳазор нафар хонанда аз беҳтарин неъмат-омўхтани илму дониш маҳрум гардид.
Бешубҳа, дар он лаҳзаҳои хеле ҳассоси таърихӣ, ки эҳтимолияти аз байн рафтани давлату миллат қарор дошт, дасти раҳмати Худованд ба сўи миллати мо дароз шуд ва дар Иҷлосияи 16 Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз байни теъдоди зиёди сиёсадмадорон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлатамон таъйин шуд. 
Сарвари давлат дар он минбар баён дошт, ки оташи ҷангро хомўш намуда, миллатро ба сулҳу ваҳдат мерасонад ва Тоҷикистонро ободу зебо менамояд.
Дар ҳақиқат бо ҳидояту роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мо ба дастовардҳои беназир мушарраф шудем, ки ҳамаи ин хушбахтӣ ва рангорангии ҳаёти мо ҷавонон аз баракати Сулҳу Ваҳдат аст. 
Ваҳдати миллӣ сарчашмаи ҳамаи хушбахтиҳо, аз ҷумла оғози созандагию ободкорӣ, расидан ба ҳамаи орзуву омолҳои нек ва шиори миллати куҳанбунёд ва соҳибтамаддуни мост. 
Вале, мутаассифона, афроде ҳастанд, ки сулҳу суботро бо чашми ҳасад менигаранд ва мехоҳанд бо ҳадафҳои касифашон дар диёри мо боз ҳам доман паҳн намуда, ҷомеаи суботёфтаи моро ба гирдоби нооромӣ ва бесуботӣ раҳнамоӣ кунанд. Ин гуна шахсон исломро васила намуда, мехоҳанд бо ҳамин роҳ авзои ҷомеаро ноором гардонанд. 
Вале мардуми мо бояд имрўз иҷозат надиҳанд, ки мазҳабҳои ифротӣ аз хушимонии мо истифода намуда, моро ба монанди миллатҳои Сурия, Ироқ ва Фаластин бозичаи дасти худ гардонанд. 
Бояд ҷавонони мо донанд, ки ворид шудан ба ин равияҳои ифротӣ хеҷ хизмате ба ислом набуда, балки бадном кардани номи мусалмонон ва сиёҳ нишон додани чеҳраи Исломи ноб аст.
Аз таърихи олам медонем, ки дини муқаддаси Ислом зидди ҳар гуна тундравиҳо буда, ҳамеша пайравонашро ба ваҳдату бародарӣ ва сулҳу субот даъват менамояд. 
Аммо гурӯҳҳои ифротӣ худро ба ном намояндагони дини ислом нишон дода, ҳамеша пайравони худро ба қатлу ғорат раҳнамоӣ мекунанд. Ин иқдоми онҳоро на танҳо дини муқаддаси Ислом, балки ҳамаи динҳои олам маҳкум мекунанд.
Имрўзҳо дар оинаи нилгун ва рӯзномаву маҷаллаҳо мушоҳида мекунем, ки гурӯҳҳои ифротӣ дар зери ниқобу шиори ислом авзои ҷомеаро ноором намуда, хоҳарону мадарон ва кӯдакони маъсумро ба қатл мерасонанд. 
Пас саволе ба миён меояд, ки оё ин рафтору кирдорҳои онҳо аз рӯи таълимоти исломӣ аст?
Пеш аз он ки ҳукми дини исломро дар бораи қатлу одамкушӣ баён созам, мехоҳем, ки мақому манзалати инсонро дар назди Худованд бароятон мисол биёрам.
Худованд инсонро ашрафи махлуқот ва беҳтарини мавҷудот ва масҷуду махдуми фариштагон офаридааст. Худованд дар сураи «Бақара» мефармеояд:
«Ман инсонро дар рӯйи замин ҷойнишини худ қарор додам».
Ин оят сароҳатан далолат мекунад, ки инсон дар рӯи замин ноиби Парвардигори оламиён аст.
Дар ҷои дигар Худованд мефармояд: «Инсонро махлуқи мукарраме дар рўи замин қарор дода, ҳама нозу неъмати заминро барои фоида ва баҳрабардории инсон офаридаам» ё «Инсонро ба зеботарин шакл ва хушрӯтарин сурате офаридам».
Ин ҳама фазилатҳо аз забони Парвардигор дар бораи мақом ва бузургии инсон гуфта шудааст. 
Пас Худованд розӣ мешавад, ки шахсе ин гули сари сабади махлуқоташро пар-пар ё ҳалоку нобуд созад?
Ҷавонони азиз! Шумо тасаввур кунед, ки як боғбони заҳматкаш дар замини худ боғи зебои гулеро месозад ва дар он боғ гулҳои гуногуни зебову хушбўйро парвариш менамояд. Вале як нафар аз нодонӣ вориди боғ шуда, гулҳои боғро пар-пар ва поймол намояд, албатта, боғбон нисбат ба ин шахс хашм мегирад ва ин шахсро муҷозот мекунад.
Ин маънои онро дорад, ки касе инсонеро, қатъи назар аз нажоду миллат қатл ва гули ҳаёти ўро дар боғи олам поймол ва  пар-пар мекунад, ба нафрату ғазаби Парвардигори оламиён гирифтор мешавад.
Худованд дар Қуръон дар ояти 32 сураи Моида мефармояд:
«Ҳар инсоне як инсони дигареро ба ноҳақ мекушад (қатъи назар, аз он ки вай мақтул мусалмон аст ё ғайри мусалмон), пас ин чунон аст, ки ҳамаи мардумро куштааст; пас ҳар инсоне, ки як инсонро аз марг наҷот медиҳад, пас ин чунон аст, ки ҳамаи инсониятро аз марг наҷот додааст».
Худованди бузург дар ояти 93 сураи Нисо барои инсонҳое, ки як инсони дигарро мекушанд, панҷ муҷозот таъйин намудааст:
«Касе, ки инсони муъминеро қасдан мекушад, ҷазои ў дӯзах аст, ки дар он ба таври ҳамешагӣ мебошад ва ғазаби Худованд бар ўст ва Худованд барои ў азоби бузургу азимеро омода сохтааст».
Ин оят сахттарин оятест, ки Худованд дар бораи инсонҳои одамкуш баён кардааст ва ҳеҷ гуноҳеро Худованд ба монанди одамкушӣ шадидан дар Қуръони маҷид маҳкум накардааст.
Пас бояд андеша кард, ки ҷавонони ифротие, ки бо номи Ислом дар Сурияву Ироқ ҳар рўз садҳо инсонҳоро ба қатл мерасонанд, дар оянда ҳоли онҳо чӣ мешавад? 
Оё онҳоро метавон мусалмон ва ё муҷоҳид номид? Албатта не, онҳо на мусалмон ва на инсонанд.
Онҳо душмани башарият ва қотили инсонанд. Аламовараш он аст, ки имрўзҳо дар байни ин душманҳои башарият садҳо нафар аз ҷавонони раҳгумзадаи миллати сулҳпарвари тоҷик аз рўи нодонӣ шомил шудаанд. Мувофиқи иттилои расонаҳои ахбори омма, то имрӯз зиёда аз 50 нафар ҷавони раҳгумзадаи тоҷик ба сурати фидоӣ дар ин ҷангҳо  ҳалок гардидааст. Мутаассифона, онҳо гумон мекунанд, ки шаҳид шудаанд ва аз рўи ин амалашон фардо биҳиштро соҳиб мешаванд.  Албатта не, зеро амалҳои онҳо хилофи Қуръону аҳодиси Паёмбари Ислом мебошад. 
Яъне, ҳатман ин гуна инсонҳо дар ин дунё дар назди қонун ва дар охират дар назди Яздони пок муҷозот хоҳанд шуд, зеро онҳо бояд донанд, ки мусалмони воқеӣ касест, ки аз дасту забони ў касе озор намебинад ва ў дар муқобили бадиҳо некӣ мекунад.
          Гурӯҳи дигари ифротгароёне, ки дар Сурияву Ироқ меҷанганд, инҳо пайравони «Ҳизб-ут-таҳрир-ал исломӣмебошад. 
Намояндагони ин ҳизб бо раҳбарии Абубакри Бағдодӣ худро ин замон барқароркунандагони хилофати исломӣ меноманд. Аммо рафтори ин ашхос зидди хилофати исломӣ аст, ки мо онро аз таърихи Ислом медонем.
Хилофати қаблии ислом хилофате буд, ки бо пайравони динҳои дигар бисёр бо эҳтиром ва боадолатона рафтор мекард.
Сарчашмаҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки халифаи дуввуми ислом Умар ибни Хаттоб (р) барои фақирону пиронсолони яҳудӣ ва насронӣ аз хазинаи давлат маош муайян намуд. 
Ин нишонаи сатҳи баланди хилофат ва адолату таҳаммулпазирии исломро нишон медиҳад.
Оё ин ашхосе, ки имрӯз барои барпо намудани хилофат дар Ироқу Сурия меҷанганд, ин адолату таҳаммулпазириро риоя мекунанд? Албатта не!
Нияти онҳо на сохтани хилофат асту на ҳимояти мусалмонон. 
Мақсади онҳо нооромии ҷомеа ва аз байн бурдани давлатҳои миллӣ ва соҳиб шудан ба курсии мансаб аст, зеро мавҷудияти давлатҳои миллӣ ин монеаи бузурге барои пиёдасозии барномаҳои онҳо мебошад. Мақсади асосиашон тасарруфи олам аст ва зери шиори  «Шариат мавҷудияти беш аз як кишвари исломиро манъ кардааст» амал мекунанд. 
Ҳамзамон онҳо мехоҳанд, ки бо ин шиорашон ҷавонони поктинату хушимонро сайди доми худ гардонанд ва бо ин роҳ ҳоҷагони худро шоду масрур гардонанд. 
Пас дар ин ҳолат ба мо зарур аст, ки бояд таблиғоти дурустро ба роҳ монем. Ҳамзамон мардум эҳсос намоянд, ки ин таблиғот на танҳо барои наҷоти ҳукумат, балки барои ҳифзи давлатдории миллиамон, барои наҷоти истиқлолияту дастовардҳои он ва сулҳу суботи ҷомеа мебошад. 
Аз ҳамин хотир аввалан мо бояд сабабҳои аслии гаравидани ҷавононро ба ин ҳизбҳои ифротӣ муайян намуда, сониян томоми равшанфикрон, аз ҷумла уламои исломии Тоҷикистонро ба илмҳои диниву дунявӣ ҷалб намоем ва назорату тартиботи ҷаъмиятиро аз ҷониби мақомоти қудратӣ хуб ба роҳ монем. 
Аз ин рў аз ҷавонони бонангу номуси миллат даъват дорам, ки дар таҳкими истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ, инчунин дар ободонии Ватани азизамон собитқадам бошанд. 
Аз ҳар гуна равияҳои ифрогароёнаи ҷомеа дур буда, дониш биомўзанд, вазифашинос бошанд, эҳсоси баланди масъулият дошта бошанд, ҷузъиёти касбу пешаи худро аниқу дақиқ донанд ва ба ин васила сиёсати Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмонро, ки асосаш барои сулҳу субот ва пешрафти давлат равона шудааст, дастгирӣ намоянд. 
 
Мудири бахши таҳлилу итилооти 
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷалолиддин Нуров
 
 

Май 5, 2015 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони ҳамоиш дар Душанбе ҷойгоҳи Айнӣ дар ташаккули мафкураи миллиро баррасӣ намуданд
РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бахшида ба он дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ-омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ» конфронси байналмилалӣ доир шуд
Мафкураи солим ва дониши мукаммал омили муҳими рушди устувор ва амнияти ҷомеа мебошад
27-28 апрел дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ пешгӯӣ мешавад
Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд