Конфронси байналмилалӣ дар Душанбе

Май 8, 2015 16:07

Душанбе, 08.05.2015. (АМИТ «Ховар»). — Бахшида ба 50-умин солгарди таъсиси Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон 5-6 майи соли 2015 Конфронси байналмилалӣ дар мавзўи «Китобхонаи давлатии патентию техникӣ-50 соли фаъолият, рушд ва дастовардҳо» баргузор гардид.
Дар конфронс маърўзаи директори Китобхонаи давлатии патентию техникӣ Боймурод Боев шунида шуд, ки дар он таърихи пайдоиш, фаъолияти 50-сола, вазъи кунунӣ ва рушди он пешниҳод шуд.  
Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатзод вобаста ба дастгирии ҳамаҷонибаи соҳаи китобдорӣ аз ҷониби Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат маълумоти дахлдорро ба иштирокчиёни чорабинӣ манзур намуд.
 Аз тарафи ташкилкунандагони конфронс барои кулли иштирокчиён китобҳои тозанашри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон бо номи «Бист қадами созанда» ва «О времени и о себе», инчунин маҷаллаи махсуси ҷашнии «Китобдор» тақдим шуд.

Май 8, 2015 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд