Курсҳо барои занони роҳбар

Май 12, 2015 11:23

Душанбе, 12.05.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бо  ибтикори Агентии хизмати давлатӣ 11 май дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои занони роҳбар ва дар захираи кадрҳо будаи мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ дар мавзӯи «Менеҷменти нави давлатӣ» баргузор гардид.
 Ба курси мазкур қариб 90 нафар шунаванда ҷалб гардид. Ректори Донишкадаи идоракунии давлатӣ Лутфия Абдухолиқзода, мушовири Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо Шарифҷон  Ҳакимзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирзода, муовини аввали Агентии хизмати давлатӣ Гурез Қосимзода, муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ М.Муинӣ сухан гуфтанд.
Лозим ба ёдоварист, ки ташкили чунин курсҳо барои такмили донишу малака ва маҳорати роҳбарии занони боистеъдод кумак мекунанд.

Май 12, 2015 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид