«Менеҷменти нави давлатӣ» барои занони роҳбар
Душанбе, 18. 05. 2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Кормандон-занони Агентии назорати маводи нашъаовар аз 11 то 16 майи соли 2015 дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президент дар курси такмили ихтисос барои занони роҳбар ва дар захираи кадрҳо будаи мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ дар мавзӯи «Менеҷменти нави давлатӣ» иштирок намуданд.
Курси мазкур дар асоси “Нақшаи ҷадвали курсҳои азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Донишкадаи идоракунии давлатӣ” гузаронида шуд, ки ба он занон аз 35 вазорату идора даъват шуданд. Зиёда аз 75 нафар шунаванда аз ҳисоби занони забондон ва лаёқатманд барои захираи кадрҳо даъват шуд. Дар давоми ҳафта барои такмили донишу малака ба шунавандаҳо устодон ва мутахассисони ботаҷрибаи Донишкадаи идоракунӣ дарс гуфтанд.
Зимни омӯзиш иштирокчиён санҷишҳои хаттӣ ва тестӣ дар мавзӯҳои «Менеҷменти нави давлатӣ», «Идоракунии захираҳои инсонӣ», «Асосҳои ҳуқуқии муносибатҳои оилавӣ» супорида, дар он қобилияту истеъдод ва саводнокии худро нишон доданд.
Дар анҷоми курс мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон — Марҳабо Ҷабборӣ, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — Махфират Хидирзода, ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Лутфия Абдулхолиқзода, устодон ва омӯзгорон иштирок намуданд.
Дар хатми чорабинӣ шунавандагони курси такмили ихтисос бо «Гувоҳнома» сарфароз гардонида шуданд.








Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид






