Озмун бахшида ба Рӯзи ҷавонон

Май 7, 2015 15:17

 
Душанбе, 07.05.2015. (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани маърифати фарҳангии ҷавонон, инкишофи ҳисси ватандӯстӣ, мусоидат ва тавсеа бахшидани эҳсоси  худшиносӣ, садоқат ба Ватан, арҷгузорӣ ба таърих ва тамаддуни халқи тоҷик, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои истиқлолият, муаррифии  дастовардҳои ҷавонони соҳибистеъдод ва дастгирии бештари онҳо дар нақшаи чорабиниҳои “30 рӯзи ҷавонӣ” бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии иншои беҳтарин таҳти унвони “Ҷавонон давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар!”,дар мавзуи «Дастовардҳои ҷавонони даврони соҳибистиқлол» ва мусаввирони ҷавон зери унвони “Тоҷикистон — кишвари ман ” миёни муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва махсуси касбии мамлакат ва дигар наврасону ҷавонони соҳибистеъдод эълон менамояд. 
Ҳамаи ҷавонони хоҳишманд метавонанд дар озмун ширкат варзанд. Ғолибону иштирокчиёни фаъоли озмунро диплому сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ интизор аст. 
 
 
 
 
 

Май 7, 2015 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд