Озмун: «Кӯдакон зидди маводи мухаддир»
Душанбе, 19. 05. 2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Бо мақсади амалигардонии “Стратегияи миллии мубориза бар зиддди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир барои солхои 2013-2020” ва бахшида ба Рӯзи ҷавонон 18 май дар мактаб-интернати президентии шаҳри Хоруғ озмуни расми беҳтарин дар мавзӯи «Кӯдакон зидди маводи мухаддир» байни мактабҳои миёнаи №2, 8 ва гимназияи президентии шаҳри Хоруғ баргузор гардид.
Хонандагони синфҳои болоӣ ба кашидани расмҳо дар рӯи асфалт оғоз намуда, расмҳои пешакӣ кашидаашонро дар деворҳо часпонда ба намоиш гузоштанд.
Дар фарҷоми озмун доварон расмҳои беҳтаринро интихоб намуда, ғолибони ҷойҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юмро муайян намуданд. Ғолибони озмун бо ифтихорномахои Раёсати агентӣ мукофотонида шуда, инчунин аз тарафи ТҒД «Волонтер» бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.








Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид






