Пешгирии пайовардҳои коррупсия
Душанбе, 28. 05. 2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Вохӯрии навбатии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳли кормандони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии кишвар, дар асоси «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», доир ба таҳлили хавфҳои коррупсия, роҳ надодан ва пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ, фаҳмондадиҳии хавфҳои коррупсия ва дарки зарару оқибатҳои ногувори он, масъалаҳои қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва дар амал татбиқ намудани он доир гардид.
Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мақсади гузаронидани чунин вохӯриҳоро пешгирии пайовардҳои ин зуҳуроти номатлуб, ки дар рушди кишвари соҳибистиқлоламон монеаҳоро эҷод мекунад, арзёбӣ намуд.
Дар вохӯрӣ кормандони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ба кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо ин падидаи номатлуб, ки ҳамчун зуҳуроти хатарноки ҷаҳони муосир ном гирифтааст, таклифҳои судманд пешниҳод намуданд.








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд






