Пушаймонии Ф.Шарипов аз иштирок дар ҷанги Сурия

Май 7, 2015 15:56

Душанбе, 07.05.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Имрӯз, 7 май дар  маҷмааи «Кохи Ҷомӣ»-и пойтахт  бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ вохӯрии ҷавонону донишҷӯён ва намояндагони ВАО бо  ҷавоне, ки аз Сурия баргаштааст, баргузор шуд.
Ин ҷавон  Шарипов Фаррух Ғайратҷоновичи 25 сола,  зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд буда, ба ҷамъомадагон доир ба чӣ гуна ба доми гурӯҳҳои ифротгаро афтодан ва ба воситаи шаҳри Маскав ба Туркия ва аз он ҷо ба Сурия рафтанаш муфассал нақл намуд.
Бино ба гуфтаи Фаррух вай оиладор, соҳиби як фарзанд буда, аз тариқи шабакаи интернет бо як духтари миллаташ қафқоз шинос шуда, оқибат ба доми гурӯҳҳои ифротгаро афтидааст. 
Фаррух Шарипов оид ба давлати Туркия ва аз он ҷо чӣ гуна ба давлати Сурия рафтан, бе шиноснома мондан, тайёрии шариатӣ ва ҷангӣ гирифтанаш ва оқибат аз мақсаду мароми нопоки гурӯҳҳои террористию ифротӣ огоҳ шуда, роҳи фирор ҷустанаш муфассал қисса намуд.
Ӯ ба ҷавонон ҳикоят кард, ки барои ба Тоҷикистон баргаштанаш  мушкилиҳои зиёдеро аз  сар гузарондааст. 
Фаррух Шарифов зимни суханронӣ зикр кард, ки баъд аз дидани воқеаҳо ва ноадолатиҳо дар Сурия, шоҳид шудан ба сарбуриҳо ва бераҳмиҳои беасоси афроди гурӯҳи «Давлати Исломӣ», дидани он ки занони ҷиҳодиёни тоҷик хариду фурӯш ва фарзандонаш дар ба дар мешуданд ҷаҳду талоши зиёд кард, то аз ин варта наҷот ёбад.Ӯ иброз дошт, ки бисёриҳо мехоҳанд, аз он ҷо гурезанд, вале аз тарси ҷон касе ошкоро дар ин бора суҳбат намекунад.
 Вазири корҳои  дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода Ҳамро зикр намуд, ки мақомоти Тоҷикистон ба Фаррух  кумак кард, то  ба ватан баргардад. Вай гуфт, ки  Шарифов мавриди афв қарор ёфта, ба зиндагии осоишта баргаштааст ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амнияти ӯро таъмин хоҳанд кард.
Хотиррасон мекунем, ки Фаррух Шарифов панҷум тоҷикистониест, ки ихтиёрӣ аз Сурия ба ватан баргашт ва ин нахустин вохӯриест, ки  ВКД бо иштироки ин нафар, ки  ихтиёрӣ аз ҷанги Сурия баргаштааст ва ҷавонону намояндагони ВАО барпо намуд. 
 
 

Май 7, 2015 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид