“Рӯзи дарҳои кушод” дар доираи 30 рӯзи ҷавонӣ

Май 26, 2015 10:27

Истаравшан, 26.05.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд дар доираи “30 рӯзи ҷавонӣ”  силсилаи чорабиниҳои  адабӣ-фарҳангӣ ва варзишӣ  ҷараён дорад. Тавре  ки ба АМИТ Ховар мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Истаравшан Фозил Бобоев  иттилоъ дод,  дар шаҳри Истаравшан  чорабинии  “Рӯзи дарҳои кушод”  гузаронида шуд.     Дар чорабинии мазкур, ки дар қисми низомии 2857 доир гардид,  ҷавонони синни тодаъватӣ ва духтаракони  мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр иштирок намуданд. 
Иштирокдорон  зимни боздид аз қисми низомии мазкур  бо будубоши сарбозон шиносо шуда, ҳамчунин аз ҷои хоб, ошхона ва яроқҳои ҳарбӣ дидан намуданд. 
Дар қисми низомии номбурда дар ҳамдастӣ бо комиссариати ҳарбии шаҳр мусобиқаи омехтаи варзишӣ байни қисмҳои низомии 2857 ва қисми ҳарбии 04533 Вазорати мудофиаи ҶТ аз рӯи намудҳои футболи хурд, турниккашӣ ва ба қисмҳо ҷудо намудани автомат ташкил шуда,  ба ғолибон ва як гурӯҳ афсарону сарбозон бахшида ба Рӯзи ҷавонон туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаҳо супорида шуданд.     
 

Май 26, 2015 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид