Рӯзи дави миллӣ муайян гардид

Май 8, 2015 14:30

 
Душанбе, 08.05. 2015. (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Имсол дар  Тоҷикистон Рӯзи  дави  миллӣ, ки ҳамасола дар ҳошияи Рӯзи ҷавонони  Тоҷикистон  дар  саросари  кишвар   роҳандозӣ  мешавад, 17 май  баргузор  мешавад.
Дар ин чорабинии ҷумҳуриявӣ дар  шаҳри  Душанбе  иштирокдорони  дав  мусобиқаро  аз маҳаллаи  «Чорбоғ» — и ноҳияи Варзоб  оғоз  намуда, онро  дар «Наврӯзгоҳ» —  и  пойтахт  анҷом  медиҳанд. 
Иштироккунандагони  дави  миллӣ аз рӯи  анъана  масофаҳои 3,5 ва 10  километрро тай  мекунанд.  Дар дави  миллӣ  намояндагони  ҳамаи  гурӯҳҳои  аҳолӣ  аз роҳбарони  вилояту  ноҳияҳо то кӯдакони  хурдсол иштирок  намуда, ғолибони  он бо мукофотҳо  қадрдонӣ  мешаванд.
Ёдрас мешавем, ки  дави  миллӣ бо дастури Президенти  Тоҷикистон  сар  аз соли 2007  ҳамасола моҳи  май  дар  ҳамаи  шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор  мегардад.
 
 

Май 8, 2015 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид