Соҳаи тандурустии мамлакатро ҳукумати ИМА дастгирӣ мекунад

Май 19, 2015 13:04

Душанбе, 19.05.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Имрӯз дар меҳмонхонаи Hayat Regencу-и  пойтахт бахшида ба анҷоми фаъолияти Лоиҳаи Оҷинсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ «Тандурустии босифат» ҷаласаи хотимавӣ  оғоз шуд. 
Дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Наврӯз Ҷаъфаров, Сафири фавқулода ва Мухтори ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сюзан Эллиот,  ҷонишини директори рисолати Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ дар Осиёи Марказӣ Дайвид Броун, директори Лоиҳаи «Тандурустии босифат дар ҶТ Мериан Шеридан ва дигар намояндагони оҷонсӣ ва вазорат иштирок доранд. 
Дар конфронс натиҷаҳои фаъолияти лоиҳаи «Тандурустии босифат» дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла саломатии модару кӯдак, саломатии репродуктивӣ, бемории сил, ВНМБ ва ислоҳоти соҳаи тандурустӣ  баррасӣ мегарданд. 
Сюзан Эллиотт дастовардҳои лоиҳаи «Тандурустии босифат»-ро дар таҳкими соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон дар соли 2010 зикр намуд. 
Лоиҳаи «Тандурустии босифат» дар ворид намудани принсипҳои тиббии исботкунанда, такмили таҳсил дар соҳаи тибби оилавӣ ва истифодаи оқилонаи антибиотикҳо мусоидат намуд. 
Лоиҳаи мазкур намунаи тарафдории ИМА ба вусъат додани дастрасӣ ба ёрии тиббии баландсифат дар Тоҷикистон мебошад. Кумаки грантии USAID ба Тоҷикистон ҳар сол 30 миллион доллари ИМА-ро ташкил мекунад, ки 30 дарсади он ба соҳаи тандурустӣ равона мешавад. 
 
 
 

Май 19, 2015 13:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид