Т.И.Соомро: «Суботи кишвар дастоварди бузурги халқи тоҷик аст»

Май 6, 2015 14:15

Душанбе, 06.05.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода ).- Мулоқоти  вазири  корҳои  дохилии  ҶТ Раҳимзода  Рамазон  Ҳамро  бо Сафири  навтаъйини  фавқулодда  ва  мухтори Ҷумҳурии  Исломии  Покистон  дар  Тоҷикистон  Тариқ Иқбол Соомро баргузор  гардид.
Назар  ба  иттилои  ВКД  ҶТ,  Тариқ  Иқбол Соомро   зимни  мулоқот  зикр намуд, ки сулҳу суботи  ҷумҳурӣ  дастоварди  бузурги  халқи тоҷик  аст, ки  он  боиси рушду  шукуфоии  кишвараш  гардида,   дар  он  хидмати  Вазорати  корҳои дохилӣ  бузург  аст.
Зимни  мулоқот  масоили  рушди муносибатҳои  дуҷониба  дар  бахши  табодули  иттилоот ва  мубориза бо ҷинояткории  трансмиллӣ,  терроризм,  ифротталабӣ,  гардиши  ғайриқонунии  маводи  мухаддир  баррасӣ  шуданд.
Зикр  шуд, ки  заминаи  ҳуқуқии  ҳамкории  миёни  мақомоти  корҳои дохилии  ҳар  ду  кишвар  рушду  густариш меёбад.  Соли  2004  байни  ҳукуматҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Ҷумҳурии  Исломии  Покистон  Созишномаи  ҳамкорӣ  дар  мубориза бо гардиши  ғайриқонунии  маводи  мухаддир ва  моддаҳои  фалаҷкунандаи  асаб  ба  имзо  расид.
Ҳамзамон  лоиҳаи Созишномаи  байни  ҳукуматҳои  ҳар  ду  кишвар  дар  бораи  ҳамкорӣ  дар  мубориза бо  ҷинояткорӣ, ки  дар  марҳалаи  баррасӣ  қарор  дорад,  мавриди  муҳокима  қарор  гирифт. 
Ҷонибҳо  аз таҳкими  ҳамкории  дуҷониба  баъди имзои  созишномаи  мазкур  изҳори  қаноатмандӣ  карда,  иброз  доштанд, ки  бояд саъю  кӯшишҳои  муштарак   дар  мубориза бо терроризм  ва ҷинояткории  муташаккилона вусъат  дода шаванд.
Мулоқот  дар  фазои  ҳамфикрию  ризоият  гузашт.

Май 6, 2015 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ