Мо ҷавонони сулҳхоҳем!

Июнь 26, 2015 05:22

Душанбе, 26.06.2015. (АМИТ «Ховар»).-Тавре ки қаблан хабар додем, имрӯз мулоқоти  Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ба муносибати 18-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ доир гардид. Дар мулоқот Сарвари давлат ба тамоми паҳлӯҳои ҳаёти ҷавонон дахл карда, онҳоро ба шукргузорӣ аз сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва рушду тараққиёти устуворе, ки имрӯз дар Ватани аҷдодиамон ба даст омадааст, даъват намуд. 

Ба таъкиди Сарвари давлат ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд бо эҳсоси амиқи ватандўстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату Ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро, бахусус амалҳои фоҷиабори онҳоро, ки зери номи мубораки ислом анҷом дода мешаванд, хуб фаҳманд, дар ғафлат намонанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳимояи Ватанро аз таҳдиди хатарҳои муосир вазифаи ҷонии худ қарор диҳанд.  

Пас аз суханронии Сарвари давлат як гурӯҳ ҷавонону донишҷӯён ва унвонҷӯён- донишҷӯи курси сеюми Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Дилором Чориева, донишҷӯи курси сеюми Донишгоҳи Давлатии Омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Тобон Мирзоева, донишҷӯи курси дуюми Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон Марҷона Орипова, аспиранти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Азимҷон Раҳмонзода ва магистранти Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ Раҷабалӣ Шокирзода бо дастгирӣ аз сиёсати имрӯзаи Президенти кишвар ва дар тақвияти суханҳои ӯ андешаҳои хешро баён карданд. 

Ҷавонон зимни баёни андешаҳои хеш якдилона аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки як гурӯҳ ҷавонони гумроҳ имрӯз роҳи нодурустро интихоб кардаанд. Аз ҷумла, магистранти Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон Раҷабалӣ Шокирзода аз ҷавонони тоҷик даъват кард, ки фирефтаи суханҳои таблиғгарони хориҷӣ ва  фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро нашуда, ба қадри Ватану Модар, обу хоки ин диёри аҷдодӣ расанд, зеро мамлакати дигар ҳеҷ гоҳ ҷои зодбуми шахсро гирифта наметавонад. Ҷавонони моро зарур аст, ки дар ин вазъияти нозуки сиёсӣ зарари бегонапарастиро хуб дарк намоянд. Ба андешаи ман, он ҷавононе, ки барои ҷанг ба кишвари дигар рафтаанд, худ аслан буздилу тарсончаканд, зеро аз андак мушкилию норасоӣ дар кишвари худ ҳаросида, барои ба даст овардани даромади бе заҳмат макони дигареро ватан интихоб кардаанд, ки ин оини ҷавонмардӣ нест. 

«Мо, духтарони давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон ифтихор аз он дорем, ки дар чунин Ватани ободу озод таҳсил ва зиндагӣ дорем. Ҳамаи ин шароиту имкониятҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Сарвари миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо, донишҷӯён фароҳам овардаанд, моро ба он водор месозанд, ки пайваста аз паи таҳсил, омӯзиши илмҳои замонавӣ, забономӯзӣ, ки калиди асосии муваффақиятҳост, гардида, сазовори ин ғамхорию боварӣ шавем. 

Ман бо истифода аз ин минбари баланд аз тамоми духтарону хоҳароне, ки дур аз мактабу омӯзиш ва таҳсил мондаанд, даъват мекунам, ки хушбахтии худро танҳо дар омӯхтани илму ҳунар бинанд, зеро мо имрӯз шоҳиди он ҳастем, ки дар баъзе давлатҳо ҳуқуқи занону духтарон чӣ гуна поймол мешаванд. Танҳо зани таҳсилдида ва бомаърифат метавонад ҷомеаро ба пеш барад, фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғи хоҷагони хориҷӣ нашавад, ба қадри Ватану неъматҳои бебаҳои он расад.

Барои ман ҳамчун як зани тоҷик бисёр нанговар аст, ки занони тоҷик дар баробари шавҳарону бародарони гумроҳашон дар ҷабҳаҳои набард иштирок доранд. Магар намешавад он қувваю неруеро, ки барои ҳифзи кишвари бегонае сарф мекунанд, дар ободии Ватани хеш, таҳкими сулҳу субот, тарбияи фарзандон сарф намуда, як гӯшаи кишвари худро ободтар созанд»,-зикр кард донишҷӯи курси сеюми Донишгоҳи Давлатии Омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Тобон Мирзоева. 

Июнь 26, 2015 05:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст