4 млн. 621 ҳазор сомонӣ — маблағҳои ҳаққи суғуртавӣ

Июль 31, 2015 11:33

Душанбе, 31.07.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» фаъолияти кории худро бо ду шакл- суғуртаи ихтиёрӣ ва ҳатмӣ амалӣ мегардонад. Имрӯз корхона аз рӯи 28 намуди суғурта ба аҳолӣ хизмат расонида истодааст, ки 13 намудаш суғуртаи ҳатмӣ ва 15 намудаш суғуртаи ихтиёрӣ мебошад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори генералии КВД «Тоҷиксуғурта» Сатторӣ Аловуддин Мирзо иттилоъ дод.
Дар нимсолаи аввали соли равон барои ҳамаи намудҳои суғурта 29 миллиону 911 ҳазор сомонӣ маблағҳои ҳаққи суғуртавӣ ворид гардида, нақшаи пешбинишудаи ҳамин давра дар умум  103 фоиз ва аз рӯи намудҳои ихтиёрии суғурта 138 фоиз иҷро гардид. 
Инчунин дар нишаст гуфта шуд, ки дар нимсолаи аввали соли  ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои ҳаққи суғуртавии воридгардида, ба буҷетӣ ҷумҳурӣ 4 миллиону 621 ҳазор сомонӣ гузаронида шуд, ки аз он 1 миллиону 885 ҳазор сомониро пардохтҳои суғуртаи иҷтимоӣ ташкил медиҳанд.

 

 

 

 

Июль 31, 2015 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид