А.Солеҳзода: 21 нафар донишкадаро бо дипломи аъло хатм намуд

Июль 22, 2015 12:37

Душанбе,22.07.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-78   хатмкунандае, ки бо сабабҳои гуногун дар аттестатсияи давлатии хатми соли 2015 иштирок накард ё баҳои ғайриқаноатбахш гирифт, аз донишкада хориҷ шуд,-иброз дошт ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ.  55 хатмкунанда, ки аз солҳои гузашта аз имтиҳони давлатӣ қарздор буд ё дар имтиҳони давлатӣ иштирок накарда, аз донишкада хориҷ шуда буд, имсол барқарор шуда, барои супоридани имтиҳони давлатӣ иҷозат гирифта, донишкадаро хатм намуданд. 
Донишкадаро имсол 21 нафар бо дипломи аъло хатм намуд.
Инчунин Ашурбой Солеҳзода зикр намуд, ки тибқи нақшаи гузариши давра ба давраи ихтисосҳои донишкада ба низоми кредитии таҳсилот то ба имрӯз дар 6 факулта ҷараёни таълим аз рӯи 30 ихтисос тибқи низоми кредитии таҳсилот ва дар 2 ихтисос тибқи низоми анъанавӣ амалӣ гашта истодааст. 

Июль 22, 2015 12:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид