Дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ 61 корхонаву коргоҳи нав бунёд мегардад

Июль 8, 2015 07:24

Душанбе, 08.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар  Вазорати саноат ва технологияҳои нав таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим вобаста ба рушди иқтисодиёти воқеӣ бо иштироки раисон ва муовинони раис-сарпарасти соҳаҳои воқеии иқтисоди  шаҳри  Душанбе  ва  шаҳру  ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва доираи васеи  соҳибкорони  минтақа  машварати корӣ  баргузор гардид. 
    Тавре ки таъкид шуд,  ҳиссаи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи мамлакат, дар ташакули ММД кишвар 32,5%-ро  ташкил  дода,  таносуби маҷмӯи маҳсулоти миёнаи саноатӣ  ба ҳар  сари аҳолии ин минтақа дар панҷмоҳаи аввали соли ҷорӣ  263 сомониро ташкил медиҳад. 
     Азим Иброҳим изҳор дошт, ки дар  шаҳри  Душанбе  ва  ноҳияҳои  тобеи  марказ дар давоми соли равон  бунёди   61 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ  бо ташкили 5283  ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шуда,  дар асоси нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ  дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат  бунёди  корхона ва коргоҳҳои  хурди  коркарди  шир  пешбинӣ шудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ҳудуди 17 шаҳру ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ 17 корхонаи коркарди шир фаъолият менамояд, ки аз ин шумора  13-тои он ба шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он рост меояд. Мутаассифона, то имрўз дар ноҳияҳои Тавилдара, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Файзобод ва Варзоб  вобаста ба иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Сарвари давлат нақшаҳои амал таҳрезӣ нагардидаанд. 
Дар ҷаласа ҳамзамон доир ба дурнамои рушди соҳаҳои саноати хӯрокворӣ, дӯзандагӣ  ва  коркарди пилла изҳори назар карда шуд. Ба гунаи мисол таъкид шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ вуруди мол ба ҳудуди кишвар 1283,3 миллион  доллари ИМА-ро ташкил намуд, ки аз ин 23,1% ё худ  296,4  миллион долларашро вуруди маҳсулоти хўрокворӣ ташкил медиҳад. 
    Вобаста ба рушди пиллапарварӣ дар минтақа таъкид шуд, ки  соли равон кирмакпарварони ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тибқи маълумоти фаврӣ  то  25  июн  116,2 тонна пилла истеҳсол намудаанд, ки ин 98,5 фоизи иҷрои нақшаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 15 тонна зиёд мебошад. 
    Вобаста ба талаботи рўзафзуни аҳолии мамлакат ба молҳои ниёзи аввал, аз ҷумла либосворӣ,  рушди саноати дўзандагӣ дар минтақа ва бо ҳамин роҳ кам кардани воридоти либос ба ҷумҳурӣ зарур шуморида шуд. Дар робита ба ин таъкид шуд, ки дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шумораи донишҷўён ва муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ба беш аз 700 000 (ҳафтсад ҳазор) мерасад, ки ба либоси мактабӣ эҳтиёҷ дошта, бозори бузурги хизматрасониро ташкил менамоянд. Дар ҳолати таъмин намудани рушди саноати дўзандагӣ,  сифати хуб  ва  арзиши  дастраси  маҳсулот  таъмини талаботи  аҳолӣ  бо  либоси  шинаму  зебои ватанӣ имконпазир гардида, ба ин восита ҳамчунин  ҷойҳои нави  корӣ  ва  манбаъҳои  иловагии пардохти андоз  фароҳам оварда мешаванд.

 

Июль 8, 2015 07:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак фестивали «Сад ранги чакан» ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Кӯлоб машқҳо ва амалиёти низомӣ доир шуданд
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар таҳкими Артиши миллии Тоҷикистон тавассути омодасозии мутахассисон саҳм мегузорад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Истаравшан шинос шуд
Беш аз 700 соҳибкори Бадахшон бо дастгоҳи назоратӣ-хазинавӣ таъмин мешавад
«ПАЁМ — РОҲНАМО БАРОИ ИҶРОИ ҲАДАФҲОИ ШОИСТА». Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
Дар мақомоти Ваколатдор бахшида ба 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир гардид
БӮЙИ БАҲОР МЕРАСАД. Тоҷикистониёнро дар ин фасл чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 17 дараҷа гарм мешавад
Дар қисми низомӣ дар вилояти Суғд Рӯзи дарҳои кушод доир гардид