«Дастгирии молиявӣ ва рушди бахши воқеӣ дар минтақаи СҲШ»-семинар дар Чин

Июль 24, 2015 10:06

Душанбе, 24.07.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ),- Дар доираи созишнома миёни бонкҳои аъзои ИБ СҲШ барои омода намудан ва такмили ихтисоси мутахассисон ҳоло дар шаҳри Пекини Чин дар мавзӯи «Дастгирии молиявӣ ва рушди бахши воқеӣ дар минтақаи СҲШ» семинар ҷараён дорад, ки дар он аз «Амонатбонк» муовини раиси Раёсат Исломиддин Хайриддин ва корманди идораи муносибатҳои байналхалқӣ Баҳром Раҳматов иштирок доранд. 
Дар семинар намояндагон аз лоиҳаҳои инвеститсионие, ки аз ҳисоби маблағҳои ҷалбшуда сармоягузорӣ шудаанд, даъват гардида, ҳамзамон дар баробари намояндагони «Амонатбонк» аз ШСХК «Барқи Тоҷик», Заводи арзизи Тоҷикистон «ТАЛКО», Ширкати коркард ва истеҳсоли маҳсулоти пахтагин «Фаронак» ва Корхонаи мурғпарварии ноҳияи Шаҳринав, инчунин намояндагони ҶСК «Агроинвестбонк» ширкат доранд.
Дар семинар  масъалаи густариши ҳамкории молиявӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ аз тариқи Роҳи бузурги абрешим, ки қарнҳо Уқёнусияро тавассути Осиёи марказӣ, канори соҳилҳои баҳри Сиёҳ бо Аврупо пайваст менамуд, баррасӣ мешаванд. 
Тоҷикистон ягона давлате мебошад, ки пешниҳоди Роҳбари Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Зинпинро таҳти унвони «Як самт-як роҳ» барои ташкили «Хатти иқтисодии Роҳи Абрешим» ҷонибдорӣ намудааст. 
Семинари мазкур то 26-уми июл идома ёфта, дар он  роҳҳои саҳеҳу осонтар ҳал намудани масъалаҳои пешгузошта  баррасӣ мегарданд.

Июль 24, 2015 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад