Фархор: ҳаққи истифодаи об пардохт намешавад

Июль 2, 2015 10:40

Кӯлоб 02.07.2015. (АМИТ »Ховар», Сулаймони Хол).- Дар минтақаи Кӯлоб бо мусоид омадани обу ҳаво кишоварзон аҳлона меҳнат карда, анвои гуногуни маҳсулоти хоҷагии қишлоқро парвариш доранд. Хусусан дар ноҳияҳои Восею Фархор, ки солҳои қаблӣ деҳқонон ба оби ирригатсионӣ кам дастрасӣ доштанд, имсол дар ин масъала мушкилӣ надоранду дар парвариши сабзавоту полезӣ пешсафанд. Кормандони идораҳои беҳдошти замин ва обёрӣ дар навбати худ таҷҳизоти обрасонро аз таъмир бароварда, ба мавсим омодагии хуб дидаанд. 
Новобаста ба фаъолияти хуби кормандони соҳа истифодабарандагон ҳаққи истифодаи обро сари вақт пардохт намекунанд. 
Дар ноҳияи Фархор низ ҳамин аҳвол ба назар мерасад. Шумораи зиёди хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки оби ирригатсиониро ба воситаи лӯлаҳо дастрас мекунанд, ҳаққи истифодаи обро пардохт накардаанд. Соли гузашта бо ҳамин сабаб идораи беҳдошти замин ва обёрӣ обкашҳои барқиро сари вақт таъмир карда натавонист ва як қисми хоҷагиҳо ҳосили маҳсулоти парваридаашонро  аз даст доданд.

 

Июль 2, 2015 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ