Гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро «вабои аср» аст

Июль 8, 2015 03:16

Душанбе, 08.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгарои ба ном «Давлати исломӣ»  вабои аср ва дарди ҷомеаи на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми минтақа гардидааст.
Ин нуктаро  раиси  Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода  7 июл дар нишасти матбуотӣ таъкид дошта, афзуд, ки ҳеҷ як мақомот дар алоҳидагӣ наметавонад бар зидди ин вабо муқобила кунад. Ӯ гуфт,  ҷамеа бояд бетараф набошад  ва ҳама дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор мубориза баранд. 
Мавсуф аз шомилшавии ҷавонони тоҷик ба чунин гурӯҳҳо изҳори таассуф карда, зикр дошт, ки он ҷавононе, ки бо роҳҳои гуногун ба гурӯҳҳои тундрави Сурия мепайванданд, дониши комили на дунявӣ доранд, на исломӣ.
 

Июль 8, 2015 03:16

Хабарҳои дигари ин бахш