«Ки гуноҳи дигарон бар ту нахоҳанд навишт…»
(Посухи ДИТ ба номи Имоми Аъзам-Абўҳанифа ба номаи баҳсталаби ҲНИТ)
Душанбе, 07.06.2015 (АМИТ «Ховар»).-Эътирози ҲНИТ ба СММ дар расонаҳои интернетӣ тааҷҷубу ҳайрати моро дар пай дошт. Ин ҳизб дар як муроҷиатнома ба СММ дар бораи шикастҳо ва нокомиҳои худ сухан гуфта, иллати асосии ин нокомиҳоро сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қаламдод намудааст. Пешкаш намудани арзу додҳо ба муназзамаҳои бонуфузи оламӣ хилофи фармуда ва таълимоти Қуръону суннат мебошад. Танҳо Худованд (ҷ.) медонад, ки бурду бохти шахс ба нафъ ё зарари он анҷом меёбад. Худованд дар китоби азимушшаънаш мефармояд:
وَعَسَى أَن تَكْرَهُواْ شَيْئًا وَهُوَ خَيْرٌ لَّكُمْ وَعَسَى أَن تُحِبُّواْ شَيْئًا وَهُوَ شَرٌّ لَّكُمْ وَاللَّهُ يَعْلَمُ وَأَنتُمْ لاَ تَعْلَمُونَ
«Ва шояд ки шумо чизеро нохуш доред ва ҳол он ки вай барои шумо беҳтар бошад; ва шояд ки шумо чизеро дўст доред ва ҳол он ки вай барои шумо бад бошад. Ва Худо медонаду шумо намедонед» .
Аз Ибни Аббос (р) ривоят аст, ки мегўяд: «Ҳангоме ки дар паси Паёмбари Худо будам, ба ман нидо карда гуфт: «Эй ҷавон, розӣ бош ба он чизе, ки Худованд бар ту муқаддар гардонидааст ва шояд чизеро написандӣ ва он бароят хуб бошад ва чизеро биписандӣ ва он бароят бад бошад», пас, ин оят «…ва Худо медонад ва шумо намедонед»-ро тиловат кард» .
Дар ояти дигаре Худованд мефармояд: فَعَسَى أَنْ تَكْرَهُوا شَيْئًا وَيَجْعَلَ اللَّهُ فِيهِ خَيْرًا كَثِيرًا
«…шояд шумо чизеро нописанд кунед, ки Худо дар он чиз хайри бисёрро пайдо кунад» .
Шикояту гила кардан, ба хусус дар назди бегонагон, кори писандида ва оқилона нест. Ҳазорҳо фазлу фазилатҳо пушти сар истодаанд ва ҳамеша мақому манзалати афзал боло меистад. Амнияту осоиштагӣ, осудахотирӣ, истиқлолияти давлатӣ, фазои солиму ором ва ғайра аз ҷумлаи афзалиятҳое мебошанд, ки мебоист ба хотири онҳо сабру таҳаммулро пеша кард.
Дар муроҷиатномаи мазкур омадааст, ки гӯё солҳо пеш меъёрҳои ҳуқуқии марбут ба созишномаи сулҳи Тоҷикистон тавассути Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вайрон карда мешуду ҲНИТ сабру таҳаммулро пеша карда буд. Ин дар ҳолест, ки мо фаъолияти озоду густардаи ин ҳизбро дар тамоми даврони истиқрори сулҳ дар ҷумҳурӣ шоҳид ҳастем ва касе ҳам ин масъаларо инкор карда наметавонад.
Масъалаи дигар ин аст, ки гӯё Ҳукумат аъзои ҳизби мазкурро бе ҳеҷ ҷурму ҷиноят таъқиб намуда, бо баҳонаҳои гуногун ба ҷавобгари ҷиноятӣ ва маъмурӣ мекашонад. Дар урфият гуфтаанд: “То шамол набошад, барги дарахт намеҷунбад”. Баҳонатарошиҳои Ҳукуматро намедонам, вале баъзе аз саркардагони ин ҳизб “Ситораҳои филмҳои фаҳш” дар интернет шуданду ҷиноятҳои аҷибу ғариб, аз савдои замин сар карда, то доштани яроқҳои ғайриқонунӣ бо эътирофи худашон барояшон ошкор карда шуд. Агар волоияти қонунро талаб доред, бояд шумо ҳам онро риоят мекардед, то гирифтори ҷазоҳои қонунӣ намешудед. Аён аст, ки ба дилхоҳ кирдори ҷиноятие, ки аз ҷониби ашхос новобаста аз узвият ба ин ё он ҳизб содир мешавад, тибқи қонун ҷазо татбиқ мегардад ва ин маънии таҳқир намудани он ҳизбе нест, ки ҷинояткор аъзои он бошад. Вақте ки аъзои ин ё он ҳизб ҷиноятеро содир кард, масъулини он бояд ҷазои онро таҳаммул кунанд.
Имрўз ба ҳамагон маълум аст, ки яке аз нишонаҳои татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, пеш аз ҳама, аз ҷониби Роҳбари давлат давра ба давра пиёда кардани сулҳи сартосарӣ, аз байн бурдани фазои бадбинӣ нисбати якдигар, задухўрдҳои мусаллаҳона, пурра аз байн бурдани гурўҳҳои ғайриқонунии силоҳбадаст, таҳкими вазъи ҳуқуқи шаҳрвандон, қонунгузории кишвар ва аз ҳама муҳим, фароҳам овардани заминаҳои мусоид ҷиҳати рушду нумўи иҷтимоиву иқтисодии мамлакат маҳсуб мешавад ва аз он ки дар муроҷиатнома аз вазъи номуносиби кишвар ва «аъмоли ғайриқонуниву ғайриахлоқӣ ва саркўбгароёнаи Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба шахсиятҳо, аҳзобу гурўҳҳои сиёсӣ ва мазоҳиби мухталиф» ёдрас шудааст, бо як қатор далоили возеҳ ва мавҷудбуда аз воқеият дур аст:
1. Агар манзур аз «аъмоли ғайриқонуниву ғайриахлоқӣ ва саркўбгароёна», ки дар муроҷиатнома зикр шудааст, даст доштани баъзе аз аъзоёни ҳизб дар содиркунии кирдорҳои ғайриқонуниву ғайриахлоқӣ бошад, пас, тадбирҳои мақомоти дахлдор дар самти ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ё маъмурӣ ҷалб намудани афроди муҷрим тибқи талаботи қонунгузории кишвар асоснок сурат гирифтааст.
2. Дар муроҷиатнома вазъ «номуносиб» арзёбӣ шудааст. Оё ҳамин тинҷиву осоиштагие, ки дар кишвари азизамон танинандоз асту аҳзоби гуногуни сиёсӣ фаъолияти хешро роҳандозӣ доранд; ҷомеаи ҷаҳонӣ дар заминаи эътимоду боварӣ бо мо робитаҳои ҳамаҷониба дорад; раҳбарияти кишвар дар заминаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ватаниву байналмилалӣ роҳи сулҳу субот, ободиву созандагӣ ва бозсозии кишварро пеш гирифтааст ва инчунин шаҳрвандон аз ҳуқуқу имтиёзоти худ истифода мебаранд, шаҳодат аз вазъи мусоид нест? Кадом вазъият қаблан бар хилофи меъёрҳои тавофуқнома анҷом шудааст, ки дар ҳошияи он тадбирҳои лозима андешида нашуда бошад?
Дигар ин ки, гӯё бе далел аъзои ин ҳизб аз вазифаҳои ҳукуматӣ барканор шудаанд. Агар шумо аз уҳдаи вазифаҳои пурмасъулияти давлатӣ баромада метавонистед, шояд масъала ранги дигар мегирифт. Кори давлатӣ ва иҷрои вазифаҳои пурмасъулият бо шиордиҳӣ ва айбҷӯии дигарон хеле фарқ дорад, бародарон.
Ҳамчунин гуфта шудааст, ки гӯё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сиёсати пешгирифтаи худ боис шудааст, ки аъзоёни ин ҳизб тарки Ватан намудаанд. Бародарон, масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ як таҷриба ва як ҷараёни табиӣ дар ҷаҳони имрӯз аст. Миллионҳо нафар одамон дар Шарқу Ғарби ҷаҳон ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванду касе ба СММ шикоят намекунад, вале шумо нисбати аъзоёни худ “ғамхорӣ” нишон медиҳед. Охир, фақат аъзои ҳизби шумо будан зиндагиро таъмин намекунад, шояд ва ё дар воқеъ мисли дигар одамон онҳо низ барои касбу кор муҳоҷират намудаанд.
Дар охир гуфта шудааст, ки гӯё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ба ҳаракатҳои террористӣ пайваст шудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ шуда истодааст ва ин метавонад амнияти минтақаро таҳдид намояд. Камтар инсоф доштан ҳам зарар надорад. Агар шумо нияти ба хатар андохтани амнияти минтақаро доред, чаро онро ба дигарон нисбат медиҳед. Оё дар дунё ягон ҳукумате ҳаст, ки амнияту оромиши минтақаи худро нахоҳад? Агар фидокориҳои Сарвари ҳамин Ҳукумат намебуд, маълум набуд, ки имрӯз Тоҷикистон дар чӣ вартаи сиёсиву низомӣ гирифтор мешуд. Агар ҳизбҳои динӣ боиси оромиши ҷомеа мешуданд, мо имрӯз дар кишварҳои Афғонистону Покистон оромиш медидем.
Ду мушкили асосӣ дар ҳизбҳои динӣ вуҷуд дорад, ки хатарнок ва нокоромад будани онҳоро дар ҷомеаи мусулмоннишин ошкор мекунад.
Якум ин ки, бо ташкили чунин ҳизб дар ҷомеаи мусулмоннишин дудастагӣ ва чанддастгиву фитнаву тафриқа эҷод мешавад. Зеро мусулмонон ба ҳизбӣ ва ғайриҳизбӣ ҷудо мешаванд. Ин хилофи ҳадафи дини Ислом ва дастуроти Қуръони карим аст, ки фитнаву тафриқаандозиро аз куштор ҳам бадтар медонад (сураи «Бақара», оятҳои 191, 217).
Дуюм ин ки, пайравони ҳизбҳои динӣ фақат худро мусулмон дониста, дигаронро диндор намеҳисобанд. Агар дар аввали ташкили чунин ҳизбҳо эҷоди дудастагии фикрӣ мешуд, ин кор боиси мухолифати физикии мусулмонон бо ҳамдигар мегардид. Аз ин ҷо ба баъд ошўбу даргириҳо байни пайравони ин ҳизбҳо ва ё байни ҳизбиҳову ғайриҳизбиҳо оғоз меёбад. Ҳамаи бадбахтиҳои кишварҳои ҳамсоя, ки дар боло зикр шуданд, маҳз ба ҳамин сабаб аст.
Илова бар ин, кор дар ин марҳала тамом намешавад, балки аз ин миён гурўҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳое пайдо мешаванд, ки ба ғайри худ ҳамаро кофиру мушрик меҳисобанду ҷону молу номуси онҳоро барои худ ҳалол ҳукм мекунанд. Намунаи ошкори он давлати ба ном исломии ДИИШ мебошад.
Идомаи муҳтавои муроҷиатнома аз суханҳои умумие иборат аст, ки воқеият надоранд. Аз ҷумла, тадбирҳои мақомоти давлатии кишварро муқобили Созишномаи сулҳ ва Конститутсия (Сарқонун) донистан, ки беасос ва аз воқеият дур аст. Набояд фаромўш кард, ки ба хотири ҳифзи арзишҳои милливу давлатдорӣ ва ба миён омадани хавфу хатар ва таҳдид ба сохтори конститутсионӣ, давлат дар доираи Конститутсия (Сарқонун) метавонад ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонашро то андозаи лозимӣ маҳдуд созад. Набояд фаромўш кард, ки «Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурўҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад» ва агар фаъолияти ин ё он ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурўҳе ба тинҷиву оромӣ ва сулҳу суботи минбаъдаи мамлакат халал ворид созад, давлат вазифадор аст, ки ҷиҳати рафъи хатар чораҳои қатъӣ андешад.
Ислом омадааст, то ба инсонҳо сулҳу сафо ва зиндагии гуворо пешниҳод намояд, аммо бо дидани ин амалҳо инсон дар ҳайрат мемонад, ки ба қавли шоир: “Мусибат аз мусулмонҳост, ё куффор, ё ҳар ду”.
Як ҷомеае, ки аксари онро мусулмонон ташкил медиҳанд, дар интихоби роҳбар ва сохтори давлатдорӣ озоданд. Дин барои мо сохтори муайяни давлатдориро таъин накардааст. Мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастем ва роҳу равиши худро дар зиндагӣ ва давлатдорӣ интихоб намудаем. Роҳбари Давлат аз назари дин барои мо улил-амр маҳсуб мешавад, ки итоати ӯ барои мо лозим ва воҷиб аст. Итоати амирон дар таълимоти дини мубини Ислом ибодат аст. Худованд роҷеъ ба итоати амирон мефармояд: «Эй мўъминон, Худоро фармонбардорӣ кунед ва пайғомбару фармонравоёнро аз ҷинси хеш фармонбардорӣ кунед. Пас, чун дар чизе ихтилоф кунед, агар ба Худо ва рўзи охир эътиқод медоред, онро ба сўи Худо ва пайғомбар роҷеъ кунед. Ин ба (эътибори) оқибат беҳтар ва некўтар аст» .
Абӯҷаъфари Табарӣ дар тафсираш дар баёни ин оят мегўяд: «Манзури Худованд аз лафзи «Ули-л-амр» амирону пешвоён мебошад» .
Дар ҳадиси Паёмбар(с) роҷеъ ба итоати амирон омадааст: «Шахсе, ки аз амираш чизеро написандад, бояд сабр кунад ва ҷуз ин нест, ки агар шахсе аз фармони амираш ваҷабе берун гардаду дар ин ҳол бимирад, дар ҳақиқат, маргаш марги замони ҷоҳилият хоҳад буд» .
Дар ҳадиси дигаре Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам итоати амирро ба итоати худаш баробар карда, мефармояд: «Шахсе, ки манро итоат кунад, бешак, Худоро итоат кардааст ва шахсе, ки манро итоат накунад, бешак, Худоро итоат накардааст ва шахсе, ки амири маро итоат кунад, бешак, маро итоат кардааст ва шахсе, ки амири маро итоат накунад, бешак, манро итоат накардааст» .
Абoзар(р) роҷеъ ба итоати амир мегўяд: «Бешак, Халилам(с) маро васият карда гуфт, ки гўш кунам ва итоат кунам, агарчӣ (амир) ғуломи маъзур бошад» . Абузар(р) албатта, бо лафзи «Халилам» Паёмбарро дар назар дорад.
Иҷрои қонунҳои ин давлат ҳам барои ҳамаи мо лозиму воҷиб аст. Як ҷомеаи мусулмонӣ ва роҳбарони мусулмон, охирин хостаи мардуми мусулмон аст ва чизи ғайр аз ин намехоҳем.
Бигзоред, мардум ба роҳи интихобнамудаи худ биравад.
Муроҷиатномаи ҲНИТ ба СММ дар ҳолест, ки имрўз таҷрибаи сулҳофарии мо — тоҷикон вирди забони ҷомеаи байналмилалӣ гашта, воқеияти он бар ҷаҳониён собит гаштааст. Миллати асили тоҷик дар масири таърих ҳамеша дар вазъи сангин ва сарнавиштсози таърихӣ аз хиради азалиаш истифода карда, роҳи наҷотро пайдо кардааст ва минбаъд низ пайдо ҳоҳад кард, зеро ба қавли собиқ Котиби генералии СММ Кофи Аннан «Тоҷикон намунаи беназири таҷрибаи сулҳофариро барои мамлакатҳои дигар ба армуғон овардаанд» («Тоҷикистон», аз 27.09.2001).
Ҳайати кормандон ва устодони
ДИТ ба номи Имоми Аъзам-Абўҳанифа