Модарони файзободӣ зидди терроризму экстремизманд

Июль 25, 2015 07:43

Душанбе, 25.07.2015. (АМИТ «Ховар»).-Муносибатҳои байналмиллалӣ, ки дар солҳои охир хеле зиддиятнок ва муқовиматомез гардидаанд, хосияти бераҳмонаи бараҳнагиро ба худ гирифтаанд.Ҷараёнҳо ва неруҳои сиёсӣ беш аз беш сифатҳои иртиҷоию ифротии хешро ошкор месозанд. Дар ин қатор ҷараёни экстремизми сиёсӣ аз масъалаи муҳимест, ки тамоми кишварҳои дунё ва дар қатори онҳо  мамлакати моро ҳам ба ташвиш овардааст. Имрӯзҳо терроризм ва  экстремизм  бо тамоми зуҳуроташон ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ айён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаҳои мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтаанд  ва аз ин рӯ зарурати дарки амиқ ва фаҳми васею ҳамаҷонибаи онро бояд омӯхт.
 «Терроризм»- шакли мураккабтарини «экстремизм» ба ҳисоб меравад. Гурӯҳҳои террористӣ бо мақсади ба даст овардани ҳадафҳои ифротии хеш даст ба зӯрӣ, даҳшат ва тарсонидани одамон мезананд.
      Мураккабтарин ва хатарноктарини зуҳури терроризм он аст, ки дар заминаи эътиқоди динӣ   пайдо шуда  бошад. Терроризми динӣ ба он асос меёбад, ки амалҳои террористӣ бо таълимоти динӣ тақвият дода мешаванд.Чунин ҳолат бештар хосияти фардӣ мегирад ва ба фанатизми аъзои гурӯҳҳои террористӣ нигаронида шудааст ва амалҳои  террористиро фақат воситаи муваффақшавӣ ба мақсадҳои умумӣ надониста, онро ҳамчун наҷоти шахсӣ дар роҳи адо кардани қарзи бандагӣ дар назди Худои муқтадир медонанд.
      Вақтҳои охир ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил шудани ҷавонон ва занону духтарони  мо низ дарди ҷонсӯзи миллату  ватан гардидааст. Имрӯзҳо гурӯҳҳои ифротгаро дар тасаввуроти ҷавонони мо тамаддуни исломро нодуруст шарҳ дода, онҳоро ба сӯи фанатизм ва эктремизм ҷалб менамоянд. Бояд ҷавонони мо таълимоти дурусти динро пурра дарк намуда, кӯшиш намоянд, ки фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро нагарданд. Ҳаминро бояд дониста бошанд, ки дарвоқеъ ҳеҷ гоҳ ба вуқӯъ пайвастани амалҳои террористии ниқоби динидошта, аз ҷумла ниқоби исломидошта, моҳияти динро инъикос карда наметавонанд. Ҳар гуна дин, бахусус дини ислом мухолифи амалҳои террористӣ буда, онро ба куллӣ рад менамояд.Террорист, ки  кушандаи шахси бегуноҳ аст, ҳеҷ гоҳ мусалмон буда наметавонад ва куллан зидди ислом аст. Нафароне,  ки бо шиорҳо ва даъватҳои ғаразноки хеш ҷавононро ба сӯи ифротгароӣ ҷалб менамоянд, онҳо дарвоқеъ ба шаъну эътибори дини ислом истинод меоранд ва онро бадном месозанд. Танҳо номусулмон метавонад аз дини ислом бо ғаразҳои нопоки хеш истифода бурда, ислому таълимоти онро бо мақсадҳои худ истифода барад.
      Бидуни шак, имрӯз ифротгароӣ ва терроризм аз ҷиддитарин таҳдидоти суботу амнияти ҷаҳонист. Иддае, ки худ аз тафаккури исломӣ бехабаранд, ин гурӯҳҳоро «исломӣ» хонда, бехабар мемонанд, ки ҳадафи чунин созмону ҷараёнҳо ба манфиати хеш истифода бурдани давлатҳои дигар аст ва дар ин масъала мо бояд ҳушёрӣ ва зиракиро аз даст надиҳем, то худро гирифтори бозиҳои чунин гурӯҳҳои ифротгаро накунем.
      Пас, бояд меъёри аслии шинохти мо аз ҳар гуна хатару таҳдид манфиатҳои асили миллӣ, динӣ ва фарҳангиамон бошад.
    Имрӯзҳо  гурӯҳҳои ифротгаро бештари ҷавонони тоҷикро, ки дар Русия ҳамчун муҳоҷири корӣ иқомат мекунанд ва бо сабаби надоштани машғулият ва даромади муносиб бо пешниҳоди  «ба даст овардани пули хуб бо ширкат дар як ё ду амалиёт» фирефта намуда,  ба доми макри худ мекашанд.
   Бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод  ва Шӯрои занони ноҳия вобаста ба мавзӯи мазкур нақшаи чорабиниҳои худро тартиб дода, аз ҳисоби занҳои собиқадор, фаъолзанон, занони рӯзгордида гурӯҳи таблиғотӣ ташкил намуда, дар тамоми деҳаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо сокинон суҳбату вохӯриҳо гузаронида,  оид ба шомилшавии иддае аз наврасону ҷавонон, занону духтарон  ба гурӯҳҳои ифротгаро дар Давлати ба ном исломии Ироқу Шом, ки  ба муқобили мусулмонони дигар меҷанганд ва аксарияти онҳо дар ин мулки бегона қурбон мешаванд, сухан  гуфта, падару модаронро бори дигар ҳушдор доданд, ки нисбат ба чунин вабои аср бетараф набуда, фарзандони худро, ки дар дохил ва хориҷи кишвар зиндагӣ доранд, зери назорати қатъӣ гиранд ва                                                                                          нагузоранд, ки онҳо фирефтаи  гурӯҳҳои тундрав гардида, ба Модар- Ватани худ хиёнат кунанд.
  Гурӯҳи таблиғотӣ дар ин самт бо усули хона ба хона ба оилаҳо ва фарзандони онҳо муроҷиат намуда, хоҳиш намуд, ки аз аҳволи онҳо бохабар гардида, ба масъалаи тарбияи онҳо, масъулияти давлату ватандорӣ, худшиносию худогоҳӣ, ифтихори миллӣ  диққати ҷиддӣ диҳанд.
   Масъалаи дигаре, ки имрӯз ҷомеаи моро ба ташвиш овардааст, тамоюли бегонапарастӣ  ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона, ҳисси бегонапарастӣ, тақлидкорӣ, рафтору гуфторе, ки ба фарҳанги миллии мо таъсири манфӣ мерасонанд, ба чашм мерасад. Имрӯзҳо мушоҳида мекунем, ки тақлиди занону ҷавондухтарон ба тарзи либоспӯшии бегона кӯр-кӯрона буда, ифодагари беиттилоотӣ ва бехабарӣ аз асли масъала мебошад. Занони мо либосҳои бегонаро бо номи «ҳиҷоб» ё «сатр» истифода карда,  ба ин васила гӯё шариатро риоя мекунанд. Вале дар асл маънии «ҳиҷоб»- парда ва «сатри аврат»- пӯшонидан ё пинҳон кардани аврат мебошад. Яъне, пӯшонидани аврат  тавассути либос.Ба ҳамаи мо маълум аст, бибию момоҳои мо ҳам «ҳиҷобу сатр» доштанд, ки он комилан миллию суннатӣ ва хоси фарҳангу анъаноти мо буд, на ин ки мисли имрӯза «сатру»-у «ҳиҷоб»-и сиёҳранг. Мувофиқи сарчашмаҳои илмии этнографӣ халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошт ва ҳеҷ гоҳ сиёҳпӯш набуд. Дар суннати анъанавӣ низ сиёҳпӯшӣ раво нест, ҳатто либоси мотамии  мардуми мо сиёҳ буда наметавонад ва он дар ҳеҷ як давру замон дар ватани мо роиҷ буда наметавонад.  
     Гурӯҳҳои ифротгаро метавонанд, ки  бо ақидаҳои фанатикии худ занону духтарон ва ҷавононеро, ки имрӯзҳо аз фарҳанги миллӣ , ҳисси хештаншиносӣ ва афкори дурусти  ислом пурра огоҳӣ надоранд, ба сӯи ифроту ифротгароӣ ҷалб намоянд. Бинобар ин, имрӯз дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани насли ҷавон, шукри истиқлоли Ватану давлатро намудан, шукри суботу оромӣ кардан ва барои ваҳдати  ҷомеа талош доштану бегонапарастӣ накардан аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи мо дониста мешавад.
                                                       Мавлуда Шарифова 
                                                мутахассиси пешбари Бахши
                                                     кор бо занон ва оилаи
                                        мақомоти иҷроияи ноҳияи Файзобод

 

Июль 25, 2015 07:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Симпозиуми байналмилалии авиатсияи гражданӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб
Дар соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, саноат ва савдои шаҳри Ҳисор беш аз 5,4 ҳазор ҷойи нави кор таъсис ёфтааст
Онлайн-хизматрасонӣ: чӣ тавр метавон масъалаи мобилиро дар якуним дақиқа ҳал намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
13 феврал дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони Ҳисор беш аз 11,3 ҳазор тонна мева ва хушкмева содирот намуданд
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир гардид
Пагоҳ дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» бо «Лигаи футболи Тоҷикистон» шартномаи ҳамкориро идома дод