Муроҷиатномаи Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми шарифи кишвар

Июль 3, 2015 08:37

Душанбе, 03.07.2015.(АМИТ «Ховар»).- Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон, дуруду салом бар Паёмбари акрам (с).
Ассалому алайкум бародарони аҳли Ислом.

Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин моҳи муборак барои ҳамаи шумо тавфиқи тоату ибодат ва сабру таҳаммул дар адои фаризаи рўза таманно намуда, аз Худованд масъалат дорад, ки аъмоли ҳамаи моро ба даргоҳи хеш қабул фармояд. Ин моҳи шариф  аз раҳмату мағфирати Парвардигори олам саршор аст, зеро Худованди таъоло бо фарорасии ин моҳ дарҳои дўзахро баста, дарҳои биҳиштро мекушояд.
Рўза яке аз ибодатҳои пурмашаққате аст, ки ниёз ба сабру таҳаммул дорад ва аз ин рў бархе аз афроди ҷомеа онро таҳаммул карда наметавонанд. Бинобар ин, шариати исломӣ ба хотири осонӣ ва рафъи машаққат барои чунин гурўҳи одамон хўрдани рўзаро рухсат додааст. Узрҳое, ки ба сабаби онҳо хўрдани рўза иҷозат аст, 8-то мебошанд:
Беморӣ. (Беморие, ки ба сабаби рўза гирифтан авҷ мегирад ё аз нав ба вуҷуд меояд. Шариати Ислом дастур ва тавсияи табиби ҳозиқро дар ин маврид муътабар мушуморад, яъне агар мутахассиси соҳаи тиб зарари рўзаро ба ҷисми бемор мушаххас кунад, хўрдани рўза дар ин ҳолат ҷоиз аст);
Дар сафар будан. (Тибқи қарори Шўрои уламо масофаи сафар 120 км аст, зеро дар мазҳаби ҳанафӣ муддати сафар се марҳала буда, як марҳала ба 40 км  баробар аст);
Икроҳ — яъне маҷбур кардани рўзадор ба хўрдани рўза ба тариқи зўрӣ, дар ин ҳолат рўзадор барои худ осебро қабул накарда, бояд рўзаро хўрад;
Ҳомиладорӣ- дар ҳолате, ки  рўза ба саломатии модар ва тифл таҳдид дорад;
 Модари ширдеҳ- модари ширдеҳе, ки  хўроки тифлаш танҳо  шири модар аст;
 Гуруснагӣ- гуруснагие, ки хатари ҳалокат ва ё беморшавии рўзадорро дорад;
Ташнагӣ- ташнагие, ки хатари ҳалокшавӣ ва беморшавии рўзадорро дорад;
Пирӣ ва солхўрдагӣ, ки гирифтани рўза барои онҳо машаққат ва бемадорӣ  меорад. (Фидя фақат дар ҳамин ҳолат аст ва миқдори он ба андозаи садақаи фитр аст. Дар ҳолатҳои боло вақте ки узрҳои шаръӣ бартараф шуд, қазо воҷиб мешаваду бас).
Маъхазҳо: Китоби «Мухтасарул-виқоя» ва шарҳҳои он; «Ҳидоя» ва шарҳҳои он; дигар китобҳои фатвои муътабари мазҳаби ҳанафӣ).
Ҷумҳури (аксари) фуқаҳои (олимони ҳуқуқи исломӣ) аҳли суннат  ва ҷамоат муқаррар намудаанд, ки бар соҳибони амали пурмашаққат, аз қабили даравгар, нонпаз, оҳангар ва коргарони маъдан дар ҳолати гуруснагӣ ё ташнагии сахт, ки хавфи зарарро ба саломатӣ эҳсос мекунанд, хўрдани рўза иҷозат аст. (Маъхаз: «Ал фиқҳул-исломӣ ва адиллатуҳу», Бейрут, ҷ. 3. с. 1701-1702,  Ваҳба Зуҳайлӣ).
Тибқи фатвои китоби «Фатовои Оламгирӣ» шахсони рўзадоре, ки вакили султон онҳоро дар айёми гармо барои сохтмони иморати аҳамияти муҳим дошта сафарбар мекунад, дар ҳолати эҳсоси зарар ба саломатӣ хўрдани рўза барои онҳо иҷозат аст. (Маъхаз: «Фатовои Оламгирӣ», ҷ. 1, с. 227, боби 5, китоби рўза). 
Дар ҳолати бартараф шудани монеаҳо рўзаро дар вақти муносиб қазо медоранд.
Хулоса, тамоми аҳкоми шаръӣ ба фитрати инсон созгор буда, ҳама ҷанбаҳои зиндагии ўро ба мадди назар гирифтааст ва дар анҷом додани ибодот барои ў осонгириҳо фароҳам овардаанд, аз ин рў мусулмони маъзур набояд ба ҷони худ ҷабр кунад.
Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргоҳи Парвардигор барои шумо тавфиқу имону ҳидояти комилро таманно дорад.

 Раёсати фатвои Маркази исломӣ 

 

Июль 3, 2015 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад