ҲНИТ рӯ ба суқут овардааст

Июль 15, 2015 10:23

Душанбе, 15.07.2015 (АМИТ «Ховар»). — «Ислом» калимаи арабӣ буда, маънои «сулҳ, итоаткорӣ, фурутанӣ ва оромӣ»-ро ифода мекунад. Раиси ҲНИТ М.Кабирӣ дар баромадҳои охири худ аз калимаҳои «осудагӣ ва таҳаммулпазирӣ» бештар истифода мебарад ва ин мафҳумҳоро ба наҳзатиёни худ нисбат медиҳад. Дар асл ба аъзои ҲНИТ, ба муносибат ва фаъолияти онҳо дар баробари воқеаҳое, ки дар ҷаҳони имрӯза мегузаранд, мафҳумҳои «бепарвоӣ, заифӣ ва фориғболӣ»-ро нисбат додан мувофиқтар мебошад.
М.Кабирӣ изҳор мекунад, ки барои ӯ ва барои ҲНИТ ҷавобгарӣ дар назди ҷомеа, Худованд, дар пеши мардум ва виҷдон муҳим аст. Аммо воқеан виҷдони Кабирӣ ҳанӯз ҳам дар хоб аст. Пешвои наҳзатиён таъкид мекунад, ки: «худи ҷаҳони ислом бояд ба муқобили радикализм мубориза барад». Аммо ӯ худро аз мубориза бар зидди радикализм дар канор гирифтааст. Ё ин ки Кабирӣ аллакай худро аз ҷаҳони ислом берун мегузорад? Ҷойи дигар М.Кабирӣ мегӯяд: «Ҳоло ҳама ба мубориза муқобили ифротгароии исломӣ машғуланд». Бале, ҳар як шахси солимфикр дар ин мубориза машғул аст, ғайр аз худи  Кабирӣ. 
Дар давоми чанд вақти охир роҳбари ҲНИТ ва шӯрои сиёсии он вобаста ба манфиатҳои хусусии худ чандин изҳороти расмиву оммавӣ қабул карданд. Аммо ягон маротиба дар хусуси гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ», таъсири манфии он ба ҷаҳони ислом ва дини мубини ислом изҳорот қабул накардаанд, ин мавзӯъро мавриди баррасӣ ва таҳлил низ қарор надодаанд. Чунин «тасодуф» ва ё розигии хомӯшонаи ҲНИТ-ро ба ин мавзӯи рӯзмарра метавон ҳамчун ҳамраъйӣ, ҳамфикрӣ ва дуруст шуморидани фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ ва амалҳои ҷанговарони ДИИШ маънидод кард. Ба қавле, сукут аломати ризост.
Ҳар рӯз дар ҷаҳон оид ба ваҳшонияти навбатии ҷиҳодгарон, қатли оммавии одамони бегуноҳ, гаравгонгирӣ, амалҳои террористӣ ва бераҳмиҳои гӯшношуниди ҷанговарони ДИИШ хабарҳо паҳн мешаванд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз шиддати ин хабарҳои мудҳиш такон мехӯраду онро маҳкум мекунад. Дар рафти амалиёти ҷангӣ аллакай садҳо ҳазор сокинони осоишта, аз ҷумла занону кӯдакон ба ҳалокат расидаанд. Миллионҳо одамон манзили зисти худро тарк карда, гуреза шудаанд. Вақте ки ҷанговарони ДИИШ ба пойгоҳи низомии артиши Ироқ ҳамла оварда, якуним ҳазор курсантҳои омӯзишгоҳи ҳарбиро асир гирифта, сипас ҳамаи онҳоро бераҳмона ба зону шинондаву аз пушти сар парронда ба қатл расониданд, ҲНИТ ягон вокуниш нишон надод, ҳарфи афсӯсу надомат ба забон наовард. Вақте ки ДИИШ наврасону кӯдаконро ҳамчун ҷанговар истифода мебарад, ёдгориҳои тамаддуни таърихиро чун ваҳшиёни асримиёнагӣ несту нобуд мекунад, ҲНИТ хомӯшӣ ихтиёр мекунад, ҳарфи маҳкумкунанда ба забон намеорад, нисбат ба ин ҷинояткорону ҷинояткорӣ хомӯшии дӯстона нишон медиҳад.
Дар баромадҳои охири худ М.Кабирӣ нисбат ба он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо сад росту дурӯғ гуфтанҳо худро ба сафи ҷанговарони ДИИШ задаанд, изҳори ташвиш накард, афсӯс нахӯрду пайваст шудани онҳоро ба сафи ҷанговарони ДИИШ маҳкум накард. Кабирӣ зикр мекунад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ба ДИИШ пайвастанд, аммо татбиқ кардани чораҳои зарурӣ ва пешгирикунандаро ба муқобили ин зуҳуроти манфӣ пешниҳод намекунад. Ҳол он ки маҳз дар ҳамин самт бояд Кабирӣ кор пеш барад, зеро ин вазифаи идеологӣ ва меросии Кабирӣ мебошад. 
Кабирӣ ҳамчунин оид ба фаъолияти чашмраси мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар муайян кардани шахсият, дастгир кардан ва боз кардани 370 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 394 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар кишварҳои хориҷӣ дар амалиёти ҷангӣ иштирок мекунанд ва ҳамчунин дигаронро барои иштирок дар ин «ҷиҳод» ҷалб мекунанд, ягон вокуниш нишон надода, ин фаъолияти мусбати мақомоти ҳифзи ҳуқуқро нодида мегирад.
Чанде пеш тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандӣ» ворид  шуд, ки тибқи он «шаҳрвандоне, ки дар ҳайати созмонҳои террористӣ меҷанганд, ба таври автоматӣ аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳрум мешаванд», аммо ҲНИТ нисбат ба ин тағйирот дар қонуни ҷумҳурӣ вокуниш зоҳир нанамуд, дастгирии худро аз он изҳор накард.
Обрӯ ва эътибори пешвои имрӯзаи ҲНИТ дар баробари С.А. Нурӣ ба маротиб поён рафтааст ва гумон аст, ки касе изҳороти ин «раиси галстукдори замонавӣ»-ро ҷиддӣ қабул кунад. Ҳол он ки Кабирӣ метавонист ба ҷойи машғул шудан ба корҳои ташкилӣ, молиявӣ ва хусусии худ аққалан кӯшиши баргардонидани боварӣ ва эътиқоди мухлисони эҳтимолии худро анҷом медод.  
Тавре ки интихоботи парлумонии соли 2015 нишон дод, ҲНИТ дар ҳоли суқут қарор дорад. Ним сол пеш аз ин, ҳизби наҳзатро ҳамагӣ 1,6 фоизи аҳолӣ дастгирӣ мекарданд. Ҳоло бинобар амалҳо ва таҳдидҳои ДИИШ ва ҳаракати «Толибон» обрӯ ва нуфузи наҳзатиҳо дар назди мардум, ки оқибатҳои ногувору талху сангини ҷанги шаҳрвандиро бо чашми сар дидаанд, боз ҳам пасттар рафтааст.
Ҷавонони ҲНИТ, ки бе пешвои воқеӣ мондаанд, рӯирост ба ДИИШ ҳусни таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Маълум аст, ки бештари зархаридони ДИИШ атеистон ва пайрави азҳоби сиёсии дунявӣ нестанд. Худи М.Кабирӣ иқрор шудааст, ки «ҷавонони исломӣ ба ҲНИТ ва пешвои он гӯш намекунанд». Ҷавонони исломӣ аз сиёсати секуляризми Кабирӣ, беташаббусӣ ва номуайянии мавқеи ӯ ҳар чӣ бештар изҳори норозигӣ мекунанд. Муҳиддин Кабирӣ хешро «ходими динии дунявӣ» муаррифӣ карда, худро ҳам ба ин тарафу ҳам ба он тараф мезанад. Ин пешвои ҲНИТ бештар аз «стандартҳои дугона» истифода бурда, тибқи он мавқеъгирӣ мекунад. Аз як тараф ӯ ҷашни ваҳдати миллиро «бойкот» мекунад, аз тарафи дигар аз номи ИНОТ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо нома муроҷиат карда, пуштибонӣ талаб мекунад. Агар С.А. Нурӣ мухолифинро таҳти роҳбарии худ муттаҳид карда бошад, пас М.Кабирӣ бо ҳамсафони худ ҷангӣ ва қаҳрӣ шуда, мухолифинро ба «авомфиребӣ ва додани ваъдаҳои пуч ба мардум» гунаҳкор мекунад.
Бахшҳои минтақавии ҲНИТ тадриҷан барҳам хӯрда истодаанд. Аъзои пешин ба таври оммавӣ сафҳои онро тарк карда, дигарон ба он пайвастан намехоҳанд. Сабаби ин ҳолат на омилҳои беруна, балки мушкилоти дохилиҳизбӣ мебошад. Шумораи аъзои ҲНИТ торафт кам шуда истодааст, дар давоми чанд вақти охир ҳамагӣ 50 нафар ба узвияти ин ҳизб пайвастанд.
Мувофиқи қонунҳои ҷорӣ агар ҳизби сиёсӣ дар 50 фисади ҳудуди марказҳои маъмурии мамлакат шуъба ва бахшҳои худро надошта бошад, пас Суди олӣ метавонад дар хусуси асоснок барпо набудани ин ҳизб масъалагузорӣ кунад. Худи Кабирӣ рӯирост иқрор шудааст, ки «барои ман рӯз ба рӯз роҳбарӣ кардан ба ҳизб ва таҳти идора гирифтани шӯру шарри одамон мушкил шуда истодааст».
Ташкилоти беидораи пур аз шӯру шарр монанд ба маводи тарканда аст, ки метавонад ҳар лаҳза таркиш ба амал оварад. 
Аз панҷсад нафар корманди масъули ҲНИТ 26 фоизаш қасди ба муқобили давлат роҳандозӣ кардани эътирозро афзалиятнок медонистанд. Дар давоми як соли охир афкори эътирозии исломиҳои радикалӣ панҷ баробар афзоиш ёфт. Ин ҳолат хеле ҳам ташвишовар мебошад, зеро исломгароён одатан бо силоҳ эътирози худро баён мекунанд. 
Дар изҳороти охирини худ Шӯрои сиёсии ҲНИТ таъкид доштааст, ки «ҳуқуқи худро барои давом додани мубориза» нигоҳ медорад. Ин изҳорот моҳиятан ва мазмунан таҳдиди рӯйрост дошта, ҳамфикрии ҲНИТ-ро бо неруҳои ифротӣ баён мекунад.
 Рустам Алиев
 

 

Июль 15, 2015 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 феврал дар Вазорати молия, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Симпозиуми байналмилалии авиатсияи гражданӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб
Дар соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, саноат ва савдои шаҳри Ҳисор беш аз 5,4 ҳазор ҷойи нави кор таъсис ёфтааст
Онлайн-хизматрасонӣ: чӣ тавр метавон масъалаи мобилиро дар якуним дақиқа ҳал намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
13 феврал дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони Ҳисор беш аз 11,3 ҳазор тонна мева ва хушкмева содирот намуданд
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир гардид
Пагоҳ дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад