Нуробод: раиси ноҳия ҷавононро ба илмомӯзию ватандӯстӣ даъват кард
Нуробод, 11.07.2015. (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).- Бо ибтикор ва ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод дар ҳамбастагӣ бо шуъбаи маорифи ноҳия вохӯрии раиси ноҳия Дӯстзода Ҳасан Тағдир бо ҷавонону хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор гардид. Баргузории чунин вохӯрӣ бо ҷавонон аз он шаҳодат медиҳад, ки таваҷҷуҳи ҳукумати ноҳия нисбат ба таълиму тарбияи ҷавонону наврасон хеле калон аст. Раиси ноҳия ҷавононро ба муносибати хатми мактаб шодбош гуфта, ба онҳо барои дохил гардидан ба донишгоҳу донишкадаҳо барор таманно намуд.
Дӯстзода Ҳасан Тағдир зимни вохӯрӣ гуфт, ки ҳадафи аслии нишасти мо бори дигар ҳидоят намудани ҷавонон ба илму забономӯзӣ, аз бар намудани навгониҳои илму техника, дӯст доштани ватан, ҳифзи музаффариятҳои истиқлолият, арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба муқадасоти ин сарзамин, дурӣ ҷустан аз ҳаракату гурӯҳҳои иртиҷоӣ мебошад.
Тибқи иттилои сармутахассиси шуъбаи рушди ичтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳия Гулрухсор Неъматова 456 нафар муассисаҳои таълимии ноҳияро хатм намуда, 26 нафари он тибқи квотаи президентӣ ба макотиби олии ҷумҳурӣ дохил шуд ва 350 нафари дигар ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супоридааст.








Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид






