Оилаҳои аз офати табиӣ зарардида то моҳи ноябр соҳиби хонаҳои нав мегарданд
Душанбе, 22.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Масъалаи асосии маҷлис рафъи ҳолатҳои фавқулода аст, ки тайи рӯзҳои охир дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ рух дод.
Дар маҷлис иттилоъ дода шуд, ки тибқи ҳисобҳои пешакӣ хисороти моддии офатҳои табиии рӯзҳои охир дар тамоми манотиқи кишвар 600 миллион сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар ноҳияи Шуғнон 72 хона пурра ва дар ноҳияи Рашт 50 хона пурра ва 15 хона қисман вайрон шудааст.
Мутаассифона, дар натиҷаи ин офатҳои табиӣ талафоти ҷонӣ, аз ҷумла 6 нафар дар ноҳияи Ванҷ ва 1 нафар дар ноҳияи Рашт ба қайд гирифта шудааст.
Тавре зикр гардид, чунин гарм шудани ҳаво ва боло рафтани оби дарёҳо дар Тоҷикистон бори охир соли 1944 ба қайд гирифта, тайи 70 соли охир бори аввал мушоҳида мешавад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба комиссияи давлатӣ ва ситоди бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ супориш дод, ки хонаҳои харобшуда то 6 ноябри соли 2015 пурра барқарор карда шаванд, то ашхосе, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ бехона мондаанд, дар зимистон соҳиби хонаҳои нав гарданд. Ҳамзамон, хонаҳои навсохт бояд бо тамоми ашёи рӯзгор муҷаҳҳаз ва аҳли ин оилаҳо бо сару либос таъмин карда шаванд. Дастур дода шуд, ки тамоми масолеҳи сохтмонӣ ба зарардидагони офатҳои табиӣ аз ҳисоби давлат ройгон таъмин гардонида ва тамоми иншооти зарардида дар муддатҳои кӯтоҳтарин барқарор карда шаванд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, ки аз ҳисоби Президенти мамлакат ба оилаҳое, ки хонаҳояшон пурра хароб шудаанд, 10 ҳазор сомонӣ ба ҳар як оила ва ба оилаҳое, ки хонаҳояшон қисман вайроншудаанд, 6 ҳазор сомонӣ ба ҳар як оилакӯмаки яквақта расонида мешавад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдор дастур дод, ки барои ҷалби кумакҳои ташкилотҳо ва шахсони савобҷӯ дар Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк» бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ суратҳисоби махсус кушода шавад.








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






