Оташнишонӣ- вазифаи пурмасъулият

Июль 31, 2015 11:28

Хатлон, 31.07.2015.(АМИТ «Ховар», Анвари Неъмат).-Иди касбии кормандони Хадамоти оташнишонӣ, ки ҳамасола 30 юми июл ҷашн гирифта мешавад, имсол низ дар вилояти Хатлон хотирмон истиқбол шуд. Бо ин мақсад дар Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии  вилояти Хатлон бо иштироки муовини аввали сардори Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати  корҳои дохилии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Қутбиддин Салоҳиддинов, сардори Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон Мулоҳӣ Рӯзиев ва кормандони соҳа ҷамъомад баргузор шуд. Роҳбарият атрофи таърихи  таъсиси хадамоти оташнишонӣ, нақши хадамот дар ҷомеа ва масъулияти оташнишон дар иҷрои вазифаи пурмасъулият сухан ронда, аз мушкиливу дастовардҳои соҳа ибрози андеша намуданд. 
Дар ҷамъомад ба собиқадорону беҳтаринҳо медали «Хизмати шоён», Аълочии хадамоти оташнишонӣ, ифтихорномаву туҳфаҳои молӣ тақдим гардиданд.
 

Июль 31, 2015 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид