Раҳимзода бо дипломати амрикоӣ дар масоили ҷилавгирӣ аз таҳдидҳои замони муосир суҳбат кард
Душанбе, 09.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Ҷилавгирӣ аз хатарҳо ва таҳдидҳои замони муосир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ дар мулоқоти Рамазон Раҳимзода-вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ бо Сюзан Эллиотт- сафири Амрико дар Тоҷикистон дар Душанбе матраҳ гардид.
Генерал-лейтенанти тоҷик ба дипломати амрикоӣ барои расонидани кумаки техникӣ, воситаҳои нақлиёт ва микроавтобусҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар арзи сипос намуд.
Таъкид шуд, ки воситаҳои нақлиёт барои роҳҳои душворгузари манотиқи кӯҳистон пешбинӣ гардида, дар мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мусоидат менамоянд.
Ҳамзамон мусоҳибон зимни мулоқот доир ба тақвияти ҳамкорӣ байни ду кишвар дар самти ҷилавгирӣ аз таҳдидҳои замони муосир табодули назар намуданд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






