Қӯшунҳои Ироқ беш аз 60 нафар террористони ДИ – ро нест карданд
Душанбе, 22.07.15. (АМИТ «Ховар»). – Назар ба иттилои Вазорати мудофиаи Ироқ, ҷузъу томҳои қувваҳои ҳарбӣ ва пулиси федералӣ дар қисми ғарбии кишвар беш аз 60 нафар силоҳбадастони гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» — ро нест карданд.
«Қувваҳои пулиси федералӣ дар ҳудуди Ҳасиба – аш-Шарқия (қисми шарқии Рамади) панҷ воситаи нақлиёт ва 21 террористро нест намуданд. Ҳамчунин бар асари ду задухӯрди дигар дар канори шаҳри Рамади боз 15 нафар ифротиён кушта шуданд», — гуфта мешавад дар хабар.
21 июл тайёраҳои қувваҳои ҳарбии ҳавоии кишвар ва авиатсияи низомии Ироқ 29 нафар ифротиён ва чандин истеҳкому анборҳои аслиҳа ва лавозимоти ҳарбиро нест намуданд.
Ҳайати фармондеҳони Ироқ аз оғози ҳамла ба мавқеъҳои силоҳбадастон дар шаҳри Анбар хабар дод. Гуфта мешавад, ки самтҳои асосии зарбаҳои артиши Ироқ шаҳрҳои Рамади ва Ал – Фаллуҷа қарор доштанд. Ҳар ду шаҳр беш аз ду моҳ боз таҳти назорати исломгароён мебошанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






