Ситоди корӣ барои кумак ба зарардидагони офатҳои табиӣ дар ХМ
Душанбе, 22.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Сардори Хадамоти муҳоҷирати (ХМ) Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир Каримзода бо мақсади ҳарчи зудтар расонидани кумак ва мусоидат ба зарардигони офати табиии минтақаҳои Бадахшон, Рашт ва дигар манотиқи ҷумҳурӣ Ситоди корӣ ташкил намуда, ба ҳамаи кормандони хадамот ва мудирони шуъбаву бахшҳо дар шаҳру ноҳияҳои аз офатҳои табиӣ зарардида барои бартараф намудани оқибати офати табиӣ дар ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон, Ванҷу Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ҳамчунин дар ноҳияи Рашт супоришҳои мушаххас дод.
Ӯ таъкид намуд, ки кормандони Хадамоти муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳо ва вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ба аҳолии осебдида кумаки ҳамаҷониба бояд расонанд. Ҳамчунин ба шаҳрвандоне, ки аз манзили истиқоматӣ маҳрум гаштаанд, тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қитъаҳои замин ҷудо гардида, барои сохтмони хонаҳояшон тибқи ваколатҳо кумак расонида мешавад.
Хотиррасон менамоем, ки бар асари боришоти шадид ва селу обхезӣ дар ноҳияи Рашт 50 хона пурра ва 100 хонаи дигар қисман вайрон шуда, дар натиҷаи боришоти шадиду обхезӣ 6 нафар дар ноҳияи Ванҷ ва 1 нафар дар ноҳияи Рашт ҳалок гардиданд.
Ҳоло бо супориши Тоҳир Каримзода дар Хадамоти муҳоҷират Ситоди доимӣ ташкил шуда, кормандони хадамот дар ҳамаи минтақаҳои аз офати табиӣ зарардида ҳузур доранд.
Шаҳрвандон метавонанд ҷиҳати гирифтани маълумот аз тариқи телефонҳои 935428163, 55551906 ва ё 935828444, ки шабонарӯзӣ фаъоланд, дар тамос шаванд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






