Соли хониши хонандагони синфи 1 аз 3 август оғоз мешавад

Июль 31, 2015 12:58

Душанбе, 31.07.2015 (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Шӯрӯъ аз 3-юми августи соли равон соли хониши 2015-2016 барои хонандагони синфи якум ҷиҳати омодагӣ ба мактаб оғоз мегардад.
Тавре ки дар ин бора Абдуҷаббор Алиев,сардори Раёсати таҳсилоти то мактабӣ  ва миёнаи умумӣ гуфт, сабаби қабл аз ағози соли хониш даъват шудани хонандагон  шиносои бо барномаи таълимӣ   ва муаллимону ҳамсинфони худ мебошад.  
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон   барои кӯдакони 6-7 сола  «Барномаи  омода намудани кӯдакони  синни 6-7 сола ба таҳсил дар синфи 1» -ро тайёр  намудааст. Ин барнома фарогири «Бахшҳои таълиму тарбия», «Ташкили ҳаёти кӯдакон», «Реҷаи намунавии рӯз», «Ташкили раванди таълим,» «Машғулиятҳо», «Инкишофи нутқ», «Омодагӣ ба саводомӯзӣ» ва «Шиносоӣ бо муҳити атроф» мебошад.
Омода намудани кӯдакон ба таҳсил қадами муҳим барои таъмини пай дар пайи таҳсилоти томактабию  ибтидоӣ ва баландбардории сифати таълим мебошад. Имрӯз фоизи зиёди кӯдакон  ҳатто дар дараҷаи надоштани  дониши оддитарин  ба  синфи 1-ум қабул мегарданд,  ки  сабаби  ба  таҳсил  омода  набудан  ва  хуб нахондани онҳо  мегардад. 
Баъзе  мавридҳо  омодагии  кӯдакон  ба  таҳсил  аз  ҷониби   падару модар  дар  асоси  китобҳо  барои  синфи   якум  ба  амал  омада, танҳо  барои  омӯзонидани  ҳисоб  ва  хондан  равона  гардидаанд,  ки ин  ҳам  кафолати  таълими  босамарро  дар  раванди  таҳсил   дода  наметавонад. 
Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намудани кӯдакони 6-7 соларо ба синфи 1-ум ва зарур шуморида, онро тибқи Қонуни    Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи маориф» дар назди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ  ҳатмӣ гардонид,- афзуд Абдуҷаббор Алиев.

 

Июль 31, 2015 12:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд