Суғд: Вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо афзудааст
Хуҷанд, 21.07.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони БДА-и вилояти Суғд аз вайронкунандагони қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба маблағи умумии 5 млн. 798 ҳазору 702 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.
Тавре ки аз макомоти мазкур ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, дар роҳҳои мошингарди шимоли кишвар аз оғози соли равон то инҷониб аз ҷониби масъулини ШБДА, Раёсат ва сохторҳои поёнии он 184 ҳазору 593 ҳолати вайронкунии қоидаҳо дар роҳ ошкор шудааст, ки аз ин шумора 28,3% онро аз меъер баланд кардани суръати ҳаракат, 3,4% итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо, 4,7% идора намудани воситаи нақлиёт бе шаҳодатномаи ронандагӣ, 30,4% -ро риоя накардани қоидаҳои мусофиркашонӣ, 51% истифодаи воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳ бидуни иҷозатномаи махсус, 22,1% вайронкунии қоидаҳо аз ҷониби пиёдагардон ташкил дода, ин нишондиҳандаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 зиёд мебошанд.
Ҳамзамон дар ин радиф содиршавии садамаҳои роҳу нақлиётӣ 17,2%, бо оқибатҳои марг 21,0%, шумораи ҳалокшудагон 26,5% ва шумораи ҷароҳатбардоштагон 9,2 %-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст.
Ба иттилои манбаъ, шумораи садамаҳои роҳу нақлиётӣ асосан дар роҳҳои нақлиётгарди шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Айнӣ, Шаҳристон, Мастчоҳ, Ҷ.Расулов, Зафарободу Спитамен ва инчунин садамаҳои роҳу нақлиётии ҳалокатовар дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Айнӣ, Зафаробод, Исфара, Спитамен ва Мастчоҳ бештар ба қайд гирифта шудаанд.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






