Усулҳои нави идора дар «Тоҷикматлубот»
Душанбе, 22.07.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Дар нимсолаи якуми соли 2015 дар фаъолияти матлуботи Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» усулҳои нави идора амалӣ гардида истодаанд. Бо мақсади таъмини самаранокӣ ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти чорво, чорвои калони шохдор ва чорвои майда дар хоҷагиҳои ёрирасони махсусгардонидашудаи «Ҳисор», «Заркамар» ва «Ширкент»-и Иттифоқи «Тоҷикматлубот» мутамарказ гардонида шуданд,- гуфт муовини раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот Иброҳим Гулов имрӯз, 22 июл зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.
Инчунин ҷиҳати истеҳсоли асали хушсифати табиӣ оилаҳои занбӯри асал, ки дар баъзе ташкилот нигоҳ дошта мешуданд ва самараи дилхоҳ намедоданд, дар ду минтақаи кӯҳистон, аз ҷумла ноҳияи Муъминобод ва водии Сағирдашти ноҳияи Дарвоз мутамарказ гардонида шуда, нигоҳубини онҳо аз тарафи мутахассисони касбӣ ба роҳ монда шуд.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






