Ҳайати фарҳангии Тоҷикистон озими Русия мегардад
Душанбе, 10.08.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- 12 август дар пойтахти Русия -шаҳри Маскав Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон расман оғоз меёбад. Дар иртибот фардо 11 август гурӯҳи ҳунармандони тоҷик ба Маскав сафар мекунанд. Ҳайати ҳунармандони тоҷикро ба ин кишвар Сайфиддин Давлатзода -сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар ва Бунафша Одинаева-муовини вазири фарҳанги ҷумҳурӣ роҳбарӣ менамоянд.
Олимҷон Акрамов- сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар тӯли чор рӯз ҳунармандони гурӯҳи рақсии «Базморо», ансамбли доиранавозони Хуҷанд, инчунин ҳунарманди Мардумии Тоҷикистон Миралӣ Достиев, овозхонҳои хушсалиқа Ҳасан Ҳайдар, Ҳуҷастаи Мирзовалӣ, Фотима Машрабова, Фирдавс Ҳошимов ва гурӯҳи мутрибон дар шаҳрҳои Маскав ва Калининград санъати волои тоҷиконро муаррифӣ менамоянд.
Ҳамзамон дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия намоиши либосҳои миллӣ- маҳсули дастони тарроҳ Хуршед Сатторов ва намоиши аксҳои суратгир Шуҳрат Ёров ташкил карда мешаванд.
Ҳадаф аз баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия таҳкими ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Русия арзёбӣ гардида, дар самти муаррифии фарҳанги қадимаи тоҷикон ба мардуми рус нақши муассир хоҳад гузошт.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






