Ҳалокати 3 нафар дар садамаи нақлиётӣ

Август 5, 2015 10:12

 Душанбе, 5.08.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ронандаи  мошини  тамғаи Мерседес-Бенс, сокини 63-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз   кӯчаи Сомониён ба самти  ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи мазкур аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол — писарчаи 2-сола ва марди 29-солаи сокини ҳамин ноҳияро пахш намуда, баъдан ба канори роҳ баромада, мошинро  чаппа намудааст.
Дар натиҷа худи ронанда, мусофири 60-сола ва пиёдагарди  хурдсол ҷароҳатҳои гуногуни вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд. 
Инчунин пиёдагарди дигар ва мусофири дохили мошин  марди 59-сола, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. 

Август 5, 2015 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш