Амалиёти навбатии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ
Душанбе, 06.08.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ аз 1 август то 7 сентябри соли равон дар қаламрави кишвар Амалиёти экологии умумиҷумҳуриявӣ бахшида ба 24 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони “Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем!” доир мегардад.
Дар амалиёт кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ташкилотҳои система ва сохторҳои маҳаллӣ бо ҷалби васеи наврасону ҷавонон ҳар рӯзи шанбе дар назди биноҳо, майдончаҳои тобеи худ, гулгашту боғҳо, кӯчаву хиёбонҳо ва биноҳои маъмуриву маишӣ корҳои ташкиливу ободониро анҷом дода, ба ин васила дар тозагию зебоии кишвар саҳм мегузоранд.
Бино ба иттилои Наврӯз Қурбонов, мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, мақсад аз баргузории амалиёти экологӣ тарбияи ҷавонону наврасон дар руҳияи ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, тавсеа бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани кишвар арзёбӣ мегардад. Дар амалиёт хоҳишмандон метавонанд иштирок намоянд.








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд






