Ҳамла ба Дустум хунсо шуд

Август 22, 2015 04:05

Душанбе, 22.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ба гузориши шабакаи «Спутник.нюс», бо такя ба телевизиони «Скай нюси арабӣ», дирӯз афроди мусаллаҳи ҷунбиши толибон ба корвони мошинҳои Абдуррашид Дустум – муовини аввали раёсати ҷумҳури Афғонистон ҳамла намуданд.
Тибқи маълумоти телевизиони мазкур, толибон бар қатори мошинҳои ҳомили Дустум дар яке аз ҷодаҳои вилояти Форёби кишвари Афғонистон ҳамла намуда, ба муқовимати муҳофизини генерал Дустум рӯ ба рӯ шудаанд. Дар ин задухурд ҳашт ифротӣ кушта шудааст.
Вале хабаргузории «Ҷумҳур», бо такя ба манбаъ овардааст, ки дар ин ҳамла 10 ҳуҷумкунанда кушта ва наздики 15 нафари дигар дастгир шудаанд, ки чанд тани   онҳо дар пайи муқовимат захмӣ шуданд. Ҳамчунин, дар хабаргузории мазкур омадааст, ки ҳанӯз гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба уҳда нагирифтааст, вале наздикони генерал Дустум онро кори дасти ҷунбиши толибон медонанд.

Август 22, 2015 04:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид