Барандагони Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ эълон шуданд
Душанбе, 28.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ҳамчунин тибқи қарори Комиссияи дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2015, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, 12 нафар дар соҳаҳои илмҳои гуногун бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ сарфароз гаштанд.
Ҳамин тариқ, Назаров Ҳилолиддин Шарофович, номзади илмҳои тиб, ассистенти кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №1-и Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» ва Ҷамолова Рухшона Ҷалолиддиновна, номзади илмҳои тиб, ассистенти кафедраи бемориҳои дарунии №3-и Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» дар соҳаи илмҳои тиб ва табиатшиносӣ бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардиданд.
Дар соҳаи илмҳои бунёдӣ хизматҳои Абдукаримов Маҳмадсалим Файзуллоевич, номзади илмҳои физикаву математика, ассистенти кафедраи математикаи ҳисоббарорӣ ва механикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ҳамин ҷоиза қадр карда шуд.
Дар соҳаи илмҳои иқтисодӣ бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ Саидов Саймаҳмуд Сайдаҳмадович, номзади илмҳои иқтисодӣ, муовини декани факултети иқтисод ва идораи шуъбаи ғойибонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба таълим ва Хайров Шукрулло Қурбоналиевич, номзади илмҳои иқтисодӣ, декани факултети молия ва қарзи Донишкадаи молияи ва иқтисоди Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи илмҳои техникӣ Сафиев Алишер Ҳайдарович, номзади илмҳои техникӣ, мудири лабораторияи таҳқиқотҳои экологӣ ва коркарди партовҳои саноатии Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии металлургия»-и Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» сарфароз гашт.
Дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ инҳо бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ сарфароз шуданд:
— Маҳмадшоев Фарҳод Абдураҳмонович, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи тиҷорати факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон;
— Муродов Ардашер Алишерович, номзади илмҳои ҳуқуқ, муаллими калони кафедраи ҳуқуқи иқтисодии Донишкадаи молия ва иқтисодии Тоҷикистон;
-Саидмуминов Аҳлиддин Саиднуриддинович, номзади илмҳои педагогӣ, мудири кафедраи таърихи умумии факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав;
-Саидов Аҳмадшо Раҳматшоевич, номзади илмҳои педагогӣ, декани факултети забонҳои Шарқи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода;
-Саидов Ҳалимҷон Азизович, доктори илмҳои филологӣ, мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони англисии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
-Саидов Шоҳин Нурович, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






