БМТ: «Қурби сомонӣ дар рӯ ба рӯи лаппишҳои асъори хориҷӣ устувор аст»

Август 28, 2015 09:29

Душанбе, 28.08.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дар робита ба нашри ахбору гузоришҳои бетаҳлил ва ҳангомасоз дар расонаҳои даврӣ, роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон аз мардум хостааст, ки ба таҳлука дода нашаванд, зеро ҳамарӯза вазъияти бозор, талабот ва таъмини он ба пули миллию асъори хориҷӣ таҳти  назорати қатъӣ қарор дорад.
Мавриди зикр аст, ки дар ду ҳафтаи охир пасту баландшавии нарху наво дар бозорҳои ҷаҳонӣ мушоҳида шуда, Бонки мардумии Чин дар пасманзари сустшавии рушди иқтисоди ин кишвар қурби юанро нисбат ба доллари ИМА зиёда аз 3 дарсад паст кард. Ин дар навбати худ дар иқтисоди ҷаҳонӣ вокуниши занҷириро ба миён оварда, ба афтидани нархҳо қариб дар  тамоми бозорҳои фондии ҷаҳонӣ сабаб шуд. 
Ҷумҳурии Мардумии Чин аз рӯи ҳаҷми иқтисод дар ҷаҳон ҷойи дуюмро ишғол менамояд ва сустшавии рушди иқтисоди ин кишвар ва юани заифшаванда ба нархи молҳо, аз ҷумла ба нархи нафт таъсир расонид. Баъд аз ин, девалватсияи асъори як қатор мамлакатҳои содиркунандаи нафт, бахусус Русия, Қазоқистон ва ғайра, ки бо Хитой ҳамкории зич доранд, оғоз ёфт. 
Бо вуҷуди ҳамкории зичи як қатор кишварҳои номбаршуда бо Тоҷикистон, беқурбшавии қурби бозории сомонӣ дар ин давра ба василаи андешидани чораҳои саривақтӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон, аз қабили истифодаи фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ на зиёдтар аз 2,1%-ро ташкил дод. Ҳамин тариқ, дар давоми ду ҳафтаи охир (аз 10 то 24 августи соли 2015) беқурбшавии рубли русӣ 12%, тенгеи қазоқӣ 33%, лираи туркӣ 5%, юани чинӣ 3%, рубли белорусӣ 7%-ро ташкил намуд.
Тағйирёбӣ ё коҳиши босуръати асъори хориҷӣ дар нисбати доллари ИМА, ки дар ҳафтаҳои гузашта дар бозорҳои асъор ба вуқуъ пайваст, хоси танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пули миллии он нест. Бо таваҷҷуҳ ва андешаи начандон амиқ метавон дарк кард, иқтисоди аксари давлатҳои рушдкардаи Аврупою Осиё ва қисматҳои дигари олам дар муқобили лаппишҳои доллари ИМА муқовимат карда натавонистанд ва дар натиҷа қурби миллиашон рӯ ба пастравӣ ниҳод.
Дар ин замина, баъди каме қомат рост кардани қурби асъорҳои хориҷии мамлакатҳои шарики тиҷоратии Тоҷикистон устуворшавии қурби бозории пули миллӣ-сомонӣ (+0,7%) низ мушоҳида мешавад. 

 

Август 28, 2015 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: Русия ва Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи рақамикунонӣ тақвият мебахшанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар кӯчаҳои Хуҷанд барои пешгирии ифлосшавии муҳити зист дурбинҳои назоратӣ насб гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳаҳои маорифу тандурустии ноҳияи Ёвон нақшаи захираи ангишт пурра иҷро гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ишкошим сохтмони Литсейи касбии техникӣ оғоз ёфт
Сарони давлатҳо қарорро дар бораи таъсиси қолаби нав бо номи «ИДМ плюс» имзо карданд
Раим Саданшоев: «Мо на танҳо дар самти таъмини алоқа, балки дар дигар соҳаҳо низ ҳамроҳи шумоем»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар Лахш барои фаъолияти самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон беш аз як миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст