Дастури Убайдуллоев дар мавриди ҷилавгирӣ аз афзоиши фарҳанги бегона
Душанбе,20.08.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Аз бетарафии шахсони масъул дар мавриди афзоиши таблиғи фарҳанги бегонаю хатарзо дар пойтахти кишвар, Маҳмадсаид Убайдуллоев -шаҳрдори Душанбе шадидан изҳори нигаронӣ намудааст. Мавсуф дар ин росто дар ҷаласаи корӣ ба сохторҳои марбута дастур дод, ки дар ҳамаи марказҳои савдою тиҷорат ва бозорҳои шаҳр ворид ва фурӯши сару либоси ба фарҳанги миллӣ бегонаро ба таври бебозгашт ҷилавгирӣ намоянд.
Дар ҷаласа, ҳамзамон масоили омодагии пойтахт ба ҷашни 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ, вазъи санитарию экологӣ, дастгирии иҷтимоии қишрҳои ниёзманди ҷомеа, риояи танзими расму оин, ғанӣ гардонидани бозорҳои шаҳр, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, коҳиш додани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, дастрасии тарбиятгирандагони мактабу интернат, хонаҳои кӯдакон ва муассисаҳои томактабӣ бо ғизои хушсифат ва дигар масъалаҳои вобаста ба рушди шаҳрдорӣ матраҳ гардиданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






