ДМИТ соҳиби ҷоизаи BIZZ-2015 гардид

Август 31, 2015 10:50

Душанбе, 31.08.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Барои дастовардҳои барҷаста ва муваффақият дар самти фаъолияти таълимию  тарбиявӣ ва  барои истифодаи усулҳои навоварӣ ва маъмул дар идоракунӣ Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) бо ҷоизаи BIZZ-2015 сазовор гардид.
Тавре ки аз ДМИТ хабар доданд, ҷоизаро президенти Конфедератсияи ҷаҳонии бизнес-ширкатҳо (WORLD CONFEDERATION OF BUSINESSES — WORLDCOB)  Ҷесус  Ҷ. Моран  ба ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода супорид.
WORLDCOB — ширкати пешсафи тиҷоратӣ буда, қароргоҳаш дар шаҳри Хюстони Техаси ИМА воқеъ аст ва барои рушду равнақи беш аз 3000 ширкат дар зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон бо роҳи эътирофнамоӣ ва ҳавасмандгардонии дастовардҳои онҳо ва соҳибкорони машҳур ба инкишофи масъулияти иҷтимоии корпоративӣ мусоидат менамояд. 
Дар маросими ҷоизасупорӣ ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода зикр намуд,ки чунин музаффарият ба Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон имкон медиҳад, ки  муассисаи таҳсилоти олии касбӣ минбаъд дар роҳи инкишофи худ ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардида, дар баробари ин мақоми корпоративӣ ва дастовардҳои он баландтар гардад.
Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон айни ҳол узви баргузидаи WORLDCOB гардида, узвият ба ДМИТ имкон медиҳад, ки ҳамкориҳоро дар муассисаҳои ҳаммонанди худ васеъ намуда, дар оянда аккредитатсияи байналмилалиро соҳиб гардад. 

 

Август 31, 2015 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»