Ду амалиёти АНМН дар вилояти Бадахшон

Август 24, 2015 10:52

Душанбе, 24.08.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Шабонарӯзи гузашта кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ду ҳодисаи кӯшиши гузаронидани қочоқи маводи нашъаоварро пешгирӣ намуданд. 
Ба иттилои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, амалиёти якум дар қишлоқи Андароби ноҳияи Ишкошим ба анҷом расида, кормандони Агентӣ бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи нашъаовар сокини 39-солаи маҳаллиро дастгир намуданд. Аз ӯ як борхалта мусодира гардид, ки дар дохили он 4 баста бо маводи ҷигариранги бӯи махсус дошта мавҷуд буд.  
  Тибқи хулосаи экспертизаи судӣ,  маводи мусодирашуда  гашиш буда, вазни беш аз 2 килограммро дошт. 
Амалилиёти дуюмро кормандони Агентӣ дар якҷоягӣ бо хизматчиёни ҳарбии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ гузаронида, дар ҳудуди деҳаи Ёмчи, ноҳияи Шуғнон ҳангоми кӯшиши гузаронидани қочоқи маводи нашъаовар сокини 40-солаи вилояти Бадахшонро дастгир карданд, ки аз ӯ як адад халта мусодира шуд ва дар дохили он зиёда аз 12 кг гашиш  буд. 
Дар нисбати ин ду ҳодиса аз рӯи якчанд моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ — м. 200 қ. 3 — “Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо  мақсади   ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори калон”,  м. 289.  “Қочоқ” ва м. 335. “Ғайриқонунӣ гузаштан аз  Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.   
  Дар айни ҳол чорабиниҳои оперативӣ барои муайян намудани он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба ҷинояти мазкур алоқамандӣ доранд, гузаронида мешаванд. Боздоштшудагон ҳоло дар Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Раёсати Агентӣ  нигоҳ дошта мешаванд.

 

Август 24, 2015 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст